Идомаи маҳкумияти иқдоми расонаии Би Би Си барои эҷоди тафриқа байни форсизабонон
(last modified Mon, 06 Nov 2017 09:27:58 GMT )
Ноябр 06, 2017 14:27 Asia/Dushanbe
  • Идомаи маҳкумияти иқдоми расонаии Би Би Си барои эҷоди тафриқа байни форсизабонон

Мавҷи маҳкумияти иқдоми расонаии Би Би Си барои эҷоди тафриқа байни форсизабонон дар Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, мушовири раиси ҷумҳурии Афғонистон ва раиси Донишгоҳи Кобул, иқдоми расонаи англисии Би Би Си барои эҷоди тафриқа байни форсизабонон дар Афғонистонро маҳкум кард.

Ҳамидуллоҳ Форуқӣ гуфт, расонаи англиси Би Би Си бояд бидонад, “дарӣ” бахше аз форсӣ аст ва ин ду ҷудоинопазиранд.

 Пеш аз ин ҳам намояндагони маҷлиси Афғонистон иқдоми расонаи англисии Би Би Си бо тағйири унвони расмии ин расона дар Фейсбук аз “Би Би Си - Афғонистон” ба “Би Би Си - дарӣ”- ро дасисаи хатарнок ва ғайриқобили қабул донистанд.

Абдулатиф Пидром, аз намояндагони маҷлиси Афғонистон гуфт, ин иқдоми Би Би Си моҳияти истеъморӣ дорад ва барои забони форсӣ хатарнок аст.

Ноҳид Фарид, узви дигари маҷлиси Афғонистон низ ин амали Би Би Си-ро истеъморӣ ва тафриқаафканона донист.

 Расонаи англисии Би Би Си ба тозагӣ унвони расмии ин расона дар Фейсбукро ба амд аз “Би Би Си – Афғонистон” ба “Би Би Си - дарӣ” тағйир дод, ки бо вокуниши форсизабонон дар Афғонистон рӯбарӯ шуд.

 

Барчасп