Ҳушдори Ато Муҳаммади Нур ба давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар бораи таъвиқи интихобот
Март 13, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ҳушдор дод, дар сурати баргузор нашудани интихобот дар мавъиди муқаррар, давлати муваққат ташкил медиҳем.
Ато Муҳаммади Нур бо судури баёнияе эълом кард, агар мақомоти давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар баргузории интихобот коршиканӣ кунанд, бо тарҳҳои ҷойгузин барои ин давлат ба мубориза то таъмини адолати иҷтимоӣ ва тақсими одилонаи қудрат дар Афғонистон идома медиҳем.
Қарор аст, интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилояти дар Афғонистон бо ду сол таъхир дар июли 2018 баргузор шавад.