Доллар ба арзи номуътабар табдил мешавад
(last modified Mon, 13 Aug 2018 07:40:12 GMT )
Август 13, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
  • Доллар ба арзи номуътабар табдил мешавад

Вазири дороии Русия гуфт, доллар ба арзи номуътабар барои пардохтҳо дар тиҷорати байналмилалӣ табдил мешавад.

Антон Силуанов афзуд, Русия сармоягузориҳои худро дар дороиҳои Амрико ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш додааст ва дар воқеъ доллар, ки ба унвони пули  байналмилалӣ шинохта мешавад, ба абзоре пурхатар барои пардохтҳо табдил мешавад.

Буҳронҳои молӣ ва иқтисодии зиёде дар иқтисоди Амрико, аз ҷумла афзоиши рӯзафзуни қарзҳои ин кишвар боиси коҳиши эътимоди ҷаҳонӣ ба доллар, ба манзури нигаҳдорӣ ба унвони захираи арзӣ шудааст. Аз ин рӯ, кишварҳо дар ҳоли ҷойгузин кардани доллар бо арзҳои маҳаллӣ ҳастанд.

Бонки Марказии Амрико эълом кард, касрии будҷаи имсоли Амрико дар шаш соли гузашта бесобиқа аст, ки иллати аслии он сиёсатҳои молии раисҷумҳури Амрико ва ҳазинаҳои ҳангуфт дар умури низомӣ эълом шуда ва ба ҳамин сабаб касрии будҷаи имсоли Амрико нуздаҳ дарсад бештар аз соли 2017 аст.

Коҳиши қобили таваҷҷуҳи саҳми тавлиди нохолиси дохилии Амрико аз кулли тавлиди ҷаҳон, коҳиши захоири арзии доллар, ҷойгузини арзҳои маҳаллӣ ба ҷойи доллар тавассути Чин, беэътимодии кишварҳои ҷаҳон ба тааҳҳудоти сиёсӣ ва молии Амрико, рағбати кишварҳо барои истифода аз арзи пойдор ва истифодаи абзорӣ ва сиёсӣ аз доллар аз муҳимтарин авомили беэътимодии кишварҳо ба доллари Амрикост, ки рӯз ба рӯз ин беэътимодӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Бисёре аз соҳибназрон муътақиданд, ки доллар ба як абзори сиёсӣ табдил шуда ва чандон маъно ва мафҳуми арзи  байналмилалиро барои ҳалли мушкилоти молии кишварҳо надорад. Намунаҳои зиёде аз ин сӯиистифода дар ҷаҳон ба чашм мехурад. Амрико дар бисёре аз мушкилоти дипломатӣ ва сиёсӣ аз доллар ба унвони як аҳроми фишор бар кишварҳо истифода кардааст, ки ахиран дар мавриди Русия ва Туркия низ аз ин ҳарбаи иқтисодӣ баҳра бурдааст. Ин навъ рафторҳои ғайримутааҳидона ва ғайрдипломатӣ занги хатарро дар ҷомеаи байналмилал ва ҳатто дар миёни муттаҳидони наздик ба Амрико ба садо даровардааст.

Доллар ба унвони захираи арзии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ба Амрико ин имконро медиҳад то монанди масъалаи Эрон, иртиботи як кишвар ва ё монанди мақомҳои Русия, иртиботи ашхос бо бозорҳои молӣ ва тиҷориро қатъ кунад, иқдомоте, ки давлати Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ аз анҷоми онҳо ибое надорад ва дар мавориди зиёде аз ин ҳарба истифода кардааст.

Ҷеймс Рикардс, стратеги ҷанги арзии Амрико дар китоби “Ҷангҳои арзӣ” - и худ менависад: “Роҳе, ки доллар дар пеш гирифтааст, пойдор нест ва ба ҳамин далел доллар ба субот нахоҳад расид. Дер ё зуд доллар ба ҷамъи арзҳои захираи чандгона мепайвандад”.

Таҳаввулоти ахир дар Эрон, Туркия ва Русия суръати таҳаррукотро барои шикастани султаи доллар бар иқтисод ва тиҷорати ҷаҳонӣ зудтар кардааст. Кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин тасмим доранд то дигар долларро ба унвони танҳо арз дар захираи арзии худ надошта бошанд ва арзҳои дигарро ҳам вориди захираи арзии худ кунанд. Сиёсатҳои ҷоҳталабонаи Амрико ва иқтисоди нопойдори ин кишвар ҷойгоҳи долларро ба унвони як арзи  байналмилалӣ ба шиддат мутазалзил ва пояҳояшро ларзанда кардааст.

 

Барчасп