Нерӯҳои вижаи вобаста ба CIA, омили куштори ғайринизомиён дар вилоёти шарқии Афғонистон
(last modified 2019-02-10T16:47:00+00:00 )
Феврал 10, 2019 21:47 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои вижаи вобаста ба CIA, омили куштори ғайринизомиён дар вилоёти шарқии Афғонистон

Дафтари хабарнигории пажуҳишии Афғонистон эълом кард, нерӯҳои вижаи вобаста ба Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) дар вилояти Нангарҳор дар моҳҳои сентябр ва октябри 2018, беш аз 260 ғайринизомии афғонро ба қатл расонданд.

Бар асоси ин баёния, воҳиди нерӯҳои вижаи вобаста ба CIA аҳдофи таъиншуда аз сӯи Созмони иттилооти марказии Амрико дар вилоёти Нангарҳор, Пектия ва Хостро ҳадаф қарор медиҳанд.

Фаъолони маданӣ дар вилояти Нангарҳор бо интиқод аз куштори ғайринизомиёни афғон хотирнишон карданд, ин нерӯҳои вижаи вобаста ба CIA ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад.

 

Барчасп