Сел дар шимолу ғарби Афғонистон
Март 30, 2019 12:27 Asia/Dushanbe
Бориши борон дар вилоёти шимолӣ ва ғарби Афғонистон, сабаби ҷорӣ шудани сел дар ин манотиқ шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, бар асари ҷорӣ шудани сел дар вилоёти Балх, Форёб ва Ҳироти Афғонистон беш аз 100 нафар ҷон бохтанд ва даҳҳо нафари дигар низ масдум шуданд.
Бар асоси ин гузориш, селоб ба шаҳристонҳои Хоҷа Сабзпӯш, Ширин Тагоб ва Давлатобод дар вилояти Форёб, минтақаи Ҷабраил дар вилояти Ҳирот ва бархе аз шаҳристонҳои вилояти Балх хисороти зиёде ворид кардааст.
Ҳаводиси табиӣ дар солҳои ахир хисороти ҷонӣ ва молии зиёде ба мардуми вилоятҳои Афғонистон ворид карда ва давлати Афғонистон ниёзманди кумак ба осебдидагони сел аст.
Барчасп