Маскав: Тарҳи адами эътимоди интиқоми Амрико аз Имронхон барои сафар ба Русия буд
(last modified Tue, 05 Apr 2022 15:16:17 GMT )
Апрел 05, 2022 20:16 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Тарҳи адами эътимоди интиқоми Амрико аз Имронхон барои сафар ба Русия буд
    Маскав: Тарҳи адами эътимоди интиқоми Амрико аз Имронхон барои сафар ба Русия буд

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард Амрико нахуствазири Покистонро ба далели лағв накардани сафари худ ба Маскав муҷозот карда аст.

Ба дунболи таҳаввулоти сиёсии якшанбеи гузашта дар Покистон, Парлумони ва кобинаи ин кишвар мунҳал шуд.

Имронхон қаблан гуфта буд, мақомоти амрикоӣ ба вай ба хотири мавозеъаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор дода ва ҳатто таҳдиди барканорӣ аз қудратро матраҳ карданд.

Имронхон бар асоси қонуни асосӣ то замони таъини таъини сарпараст ба симати нахуствазирӣ идома хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард: Амрико ва мутаҳидони ғарбӣ он Имронхон нахуствазири Покистонро таҳти фишор қарор доданд, то сафари худ ба Русия дар моҳи февралро лағв кунад.

Дар идомаи ин баёния омда аст, дар остонаи сафари Имронхон ба Русия Доналд Лу, муъовини вазири  умури хориҷаи Амрико дар умури ҷануби Осиё бо эҳзори сафири Покистон дар Вашингтон хостори лағви фаврии ин сафар шуда буд, ки рад шуд.

Вазорати умури хориҷаи Русия афзуд: Вазъияти пас аз сафари нахуствазири Покистон ба Русия нишон медиҳад Амрико тасмим гирифта аст Имронхони нофармонро ба далели нофармонӣ муҷозот кунад бар ҳамин асос дархости адами эътимод ба нахуствазирии ин кишвар ироа шуд.

  • Дар ин баёния меафзояд: Ин як талоши шармовар аз сӯи Амрико бари мудохила дар умури як кишвари мустақил ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи худхоҳонаи худ аст.
  • Пеш аз ин Донал Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико қасд дошт то бо абзорҳои мухталиф Покистонро таҳти фишор қарор дода ва аз ин кишвар ба унвони сипар барои ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон истифода кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Исломобод бо тағири мавозеъи худ нисбат ба Амрико эълом кард, дигар монанди гузашта иҷрокунандаи сиёсатҳои Кохи Сафед дар минтақа нахоҳад буд.

 

Барчасп