Май 16, 2022 12:11 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ирсоли таслеҳоти НАТО ба Украина ба баҳонаи ҷанг дар ин кишвар

Вазири хориҷаи Олмон аз идомаи ирсоли таслеҳоти Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ба Украина ба баҳонаи ҷанг дар ин кишвар хабар дод.

Анналена Баербок, вазири хориҷаи Олмон дар иҷлоси маҷозии НАТО дар Берлин гуфт, кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) то ҳар замоне, ки лозим бошад, ба ирсоли таслеҳот ба Украина ба баҳонаи ҷанг дар ин кишвар идома хоҳанд дод.

Ҷанг дар Украина акнун вориди сеюмин моҳ шуда ва то кунун 25 кишвар иқдом ба ирсоли таслеҳоти мухталифи низомӣ барои Киев кардаанд. Русҳо таъкид доранд, ки қасди ишғоли Украинаро надоранд.

Ҳамзамон бо дархостҳои мукаррари Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллиондолларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳаррукоти ахири Ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар 24 феврал дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дар шарқи Украина, дастури ҳамлаи низомӣ дар минтақаи Донбасро содир кард. Баъд аз он, ҷангандаҳо, тӯпхона ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп