Декабр 08, 2022 21:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар идомаи посухи Русия ба ҳамлаи террористии ахир ба пули Қирим

Раиси Ҷумҳурии Русия бар идомаи посухи ин кишвар ба ҳамлаи террористии ахир ба пули Қирим таъкид кард.

Ба гузориши рӯзномаи фаронсавии Лафигоро, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия имрӯз панҷшанбе дар ҳошияи эҳдои медал дар Кремл эълом кард ин кишвар ба ҳамалот алайҳи зерсохтҳои энержии Украина дар посух ба ҳамлаи террористии ахир ба пули Қирим идома медиҳад .
Русия дар пайи инфиҷору тахриби пули иртиботии ҷануби ин кишвар бо Қирим ҳамалот ба зерсохторҳои энержӣ ва шаҳрҳои Украинаро ташдид кардааст.
Қирим баъд аз ҳамапурсии соли 2014 аз Украина ҷудо ва ба Русия мулҳақ шуд .