Январ 19, 2023 15:51 Asia/Dushanbe
  •  Лавров ишора кард: Агар Амрико эҳсос кунад амнияташ дар ҳар гушае аз ҷаҳон дар маърази хатар аст, бидуни касби ҳеҷгуна мувофиқате, ҳанҷорҳо ва қавонинро канор мегузорад
    Лавров ишора кард: Агар Амрико эҳсос кунад амнияташ дар ҳар гушае аз ҷаҳон дар маърази хатар аст, бидуни касби ҳеҷгуна мувофиқате, ҳанҷорҳо ва қавонинро канор мегузорад

Вазири умури хориҷаи Русия Лавров бо баёни ин,ки Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) аз тариқи Украина бо Русия меҷангад, гуфт: Ончӣ дар Украина иттифоқ меафтад, натиҷаи омодагии Амрико барои ҷанги таркибӣ алайҳи Русия аст. Вай таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо истиқлоли худро аз даст дода ва комилан тобеъи дастуроти Амрико шудааст.

Раиси дастгоҳи дипломосии Русия бо баёни  ин, ки бӯҳрони Украина аз муддатҳо пеш аз амалиёти низомии вижа шурӯъ шуда буд, изҳор дошт: Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони ҷаҳонии хорбор қабл аз оғози амалиёт дар гузоришҳое гуфта буданд, ки иқдомоти Вашингтон ва муттаҳидонаш омили бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон буд. Лавров зимни ишора ба талоши Ғарб барои ҷилавгири аз зуҳӯри табиӣ ҷаҳони чанд қутбӣ, тасреҳ кард: Агар Амрико эҳсос кунад амнияташ дар ҳар гушае аз ҷаҳон дар маърази хатар аст, бидуни касби ҳеҷгуна мувофиқате, ҳанҷорҳо ва қавонинро канор мегузорад.

Таъкиди Лавров бар ҷанги ниёбатии НАТО ба саркардагии Амрико  бо Русия аз тариқи Украина бо таваҷӯҳ ба рӯйкарди ҷангталабонаи ғарбиҳо ва тадовуми ирсоли анвоъи таҷҳизоти низомӣ ва таслиҳоти мухталифи Украина маъно пайдо мекунад. Амрико аз ибтидои ҷанги Украина то кунун ҳудуди 22 миллиард доллар кумаки низомӣ дар ихтиёри ин кишвар қарор додааст. Британия, ки дар соли 2022 мелодӣ 2.3 миллиард пунд ба Украина кумак кард, ҳамзамон бо ирсоли кумакҳои таслиҳтии ҷадиди Украина эълом кард, ки дар соли 2023 ҳудуди 2.3 миллиард пунд ( 2.77 миллиард доллари) дигар ба Киев кумак хоҳад кард. Масъули сиёсати хориҷа ва амнияти Аврпо дар аввоили ноябри соли 2022 дар нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои гурӯҳи 7  эълом кард, ки Иттиҳодия Аврпуо то кунун 22 миллиар эвро дар соли 2022 барои Украина хазина кардааст, ки албатта ин маблағ шомили кумаки низомӣ ва таъмини таслиҳотии мустақим аз сӯйи кишварҳоли узви Иттиҳодияи Аврупо намешавад. Зимни ин, ки раиси камисиюни Аврупо дар 13-уми январи 2023 дар изҳороте таъкид кард, ки бояд фишор бар Русия афзоиш ёбад ва Иттиҳодия Аврпуо низ ҳамчунон ба ҳимоят аз Украина идома диҳад.

Амрико ва шуракои аврупоӣ ва ғаёри аврупоӣ монанди Канада ва Австралия ва ҳатто Ҷопон, ҷанги Украинаро ба масобеҳи фурсати беҳамто ба истилоҳе тасвия ҳисоб бо Русия ва Владимир Путин  раисиҷумҳӯри ин кишвар медонад, ки ба муддати беш аз ду даҳҳа дар муқобили зиёдахоҳии Амрико ва НАТО дар Аврупо, Ғарби Осиё ва Амрикои Лотин истодагӣ кардаст. Аз нигоҳи Ҷу Байден раисиҷумҳӯри Амрико ва мақомоти аршади низомӣ ва амниятии давлати ӯ, ҷанги Украина фурсати беҳамтто ва ғайри қобили такрор барои зиддияти ҳар чӣ бештар алайҳи Русия ва тазъифи он  ва дар ниҳоят ҷилавгири аз шаклгирии комили низомии чанд қутбӣ фароҳам овардааст. Зимни ин, ки аз дидгоҳи сарони ғарбӣ, пирӯзии Русия дар ҷанги Украина он ҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои бе эътибории ин Созмони низомӣ ва густариши ҳар чӣ бештари нуфӯз ва қудрати минтақаӣ ва байналмиллалии Русия хоҳад шуд ва муъомилоти амниятӣ ва низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари Ғарб тағиир хоҳад дод. Лизо онҳо ба истилоҳе азми худро ҷазм кардаанд то ба ҳар қимате аз пирӯзии Русия дар ҷанги Украна ҷилавгирӣ намоянд. Аз дидгоҳи Маскав ҳадафи Ғарб аз тадовуми ин ҷанг тазъифи ҳар чӣ бештари Русия бо ҳадафи ниҳоии таҷзия онаст. Ин масъалае аст, ки аз давраи Шӯравӣ, амрикоиҳо ба дунболи он будаанд. Путин дар ин замина гуфт: Амрико аз муддатҳо пеш дар минтақа даргири амалиёт будааст ва онҳо дар даврони Шуравӣ заминаро омода мекарданд. Амрико барои муддати тӯлонии даргири  муноқиша алаҳи Русия будааст, на фақат  имрӯз ва пас аз сафари Зеленский ба Вашингтон.

Бадин тартиб интизор меравад, ки ҷанги Украина, ки ҳамакнун низ дар ёздаҳумин моҳи худ сабаби талафоти азими инсонӣ ва хисороти  низомии густарда ва низ нобудии зерсохтҳои Украина шудааст на танҳо поён наёбад, балки бо таваҷӯҳ ба мавзӯъи Зеленский раисиҷумҳӯри Украна ва пуштгармии  ӯ  ба ҳимоятҳои густардаи Амрико дар моҳҳои оянда низ ҳамчунон бо шиддат идома пайдо кунад. Намоди ин амр тасвиби кумаки таслиҳотии ҷадид 1.8 миллиард долларии Амрико  ва кумаки куллии беш аз 40 миллиард долларӣ дар соли 2023, чароғи сабзи Байден барои таҳвили худравҳои размии зареҳии пешрафта ба Украина аст. Албатта ин бор эҳтимоли тавсиаи доманаи ин ҷанг  ба дохили хоки Русяи бисёр беш аз гузашта хоҳад буд. Мусаламан тадовуми ин ҷанг эҳтимоли  таъсири  он ба кишварҳои ҳамсояи Украина ба вижа Лаҳистон ва ё ҷумҳӯриҳои сегонаро афзоиш хоҳад дод, ки ин амр ба манзалаи тақобули низомии мустақими Русия ба НАТО хоҳад буд.

Бештар бихонед: