Ҷустуҷу
-
Dec 27, 2016
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамкории Вазорати хориҷаи Русияро барои ҳалли мушкили парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар хостор шудааст.
-
Dec 26, 2016
Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, сафари Рустам Азимов ба Тоҷикистон 27 декабр сурат хоҳад гирифт ва далели таъхири боздиди ҳайати Узбакистон аз Душанбе ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия марбут донистаанд.
-
Dec 26, 2016
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
-
Dec 25, 2016
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки шахси Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон алоқаманди беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
-
Dec 25, 2016
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо мудири Осорхонаи Луври ин кишвар дидор кард.
-
Dec 24, 2016
Мақомоти Русия эълом кардаанд, мушкилоти мавҷуди парвоз бо Тоҷикистон танҳо замоне рафъ мешавад, ки тарафи тоҷик хостаи ин кишвар дар бораи ба расмият шинохтани фурудгоҳи Жуковский дар атрофи шаҳри Маскавро бипазирад.
-
Dec 24, 2016
Мирзосаид Султонов, профессори Донишгоҳи Тоҳоку Коеки дар Ҷопон муътақид аст, ки Тоҷикистон бидуни рушди тиҷорати хурд ва миёна ҳамчунон ба даромади коргарони муҳоҷир вобаста мемонад.
-
Dec 24, 2016
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ аст.
-
Dec 24, 2016
Бо бенатиҷа анҷом шудани музокироти Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар сафири Душанбе дар Маскав ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар нотаи эътирозӣ ирсол кард.
-
Dec 23, 2016
Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиби тарҳи ин ҷумҳурӣ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳидро табрик гуфт.
-
Dec 22, 2016
Субҳи имрӯз, 22 декабр ҳайати комиссияи давлатии Тоҷикистон барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вазорати нақлиёти Русия дар мавриди парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳри Маскав сафар кардааст.
-
Dec 22, 2016
Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муътақиданд бо сафари рӯзи 26-уми декабри ҳайати давлатии Узбакистон ба Душанбе, дутараф дар заминаи осон шудани судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвар дар фурудгоҳҳои душанбе ва Тошканд, ба тавофуқ даст хоҳанд ёфт.
-
Dec 21, 2016
Миёни мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ихтилофи ҷадиде сар зада, ки бо таҳдиди тарафи русӣ ба қатъи парвозҳои байни Маскав ва Душанбе ҳамроҳ шудааст.
-
Dec 21, 2016
Тамрини муштараки тимҳои миллии волейболи соҳилии Эрон ва Тоҷикистон аз 23 декабр дар ҷазираи Кеши Эрон оғоз мешавад.
-
Dec 21, 2016
Муҳоҷирони тоҷик имсол аз Русия пули кам ирсол кардаанд.
-
Dec 21, 2016
Вазорати ҳамлу нақли Русия, Тоҷикистонро ба коршиканӣ дар иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ муттаҳам кард.
-
Dec 20, 2016
Тоҷикистон куштори сафири Русия дар Туркияро маҳкум кард.
-
Dec 20, 2016
Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар моҳи декабр ва поёни соли 2016, нархи таваррум дар ин кишвар 7 дарсад хоҳад буд.