Ҷустуҷу
-
Jun 23, 2019
Муовини кулли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва кишварҳои минтақа хост, ба таҳримҳои золимонам Амрико зидди Эрон дар ҳавзам саломат ва манобем дору ва таҷҳизот вокуниш нишон диҳанд.
-
Jun 01, 2019
Чин беэътино ба таҳримҳои нафтии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико зиддди Теҳрон, воридоти нафти худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ро аз сар гирифт.
-
Май 24, 2019
Кордори сафорати Амрико дар Бағдод эълом кард, Вашингтон, Бағдодро аз таҳримҳои марбут ба воридоти барқу газ аз Эрон муоф кардааст.
-
Май 10, 2019
Нахуствазири Ироқ гуфт, ки кишвараш бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ҳамроҳӣ намекунад.
-
Май 09, 2019
Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин эълом кард, Пекин мухолифи эъмоли таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон аст.
-
Май 09, 2019
Пас аз эъломи хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Барҷом дар 8 майи 2018 тавассути Трамп, таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон дар ду марҳила яъне август ва ноябри 2018 ба иҷро дароомаданд. Ин таҳримҳо як ҷониба буда ва нақзи қавонини байналмиллалиро аз ҷумла қатъномаи 2231 и Шурои амният маҳсуб мешавад.
-
Май 05, 2019
Сафири Бразилия дар Эрон гуфт: Таҳримҳои зиддиэронии Амрико ноҷавонмардона аст ва Бразилия дар ин замина дар канори Теҳрон аст.
-
Май 05, 2019
Муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи шанбе таъкид кард таҳдидҳо ва таҳримҳои Амрико наметавонад ҳамкориҳои Эрон ва Русияро мутаваққиф кунад.
-
Apr 17, 2019
Вазири хориҷаи Туркия эълом кард, Анкара ба мақомоти амрикоӣ гӯшзад кардааст, ки ба таҳримҳо зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон поён диҳанд.
-
Feb 07, 2019
Муовини вазири хориҷаи Русия бо истиқбол аз иҷроӣ шудани махонизми соҳот, гуфт, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ва Сурия ба масоба(монанд)-и терроризми иқтисодӣ аст.
-
Jan 19, 2019
Дар ҳоле, ки Амрико ва расонаҳои таблиғотии ғарб мудом аз ҷанбаҳои мухарриб ва таъсироти манфии таҳримҳои ғарб мегӯянд, ҳаракати рӯ ба ҷилав ва пешрафтҳои рӯзафзуни Эрон дар арсаҳои мухталиф ва бавижа дар арсаҳои илмӣ, тасвири дигареро аз Эрон ва таҳримҳои Амрико нишон медиҳад.
-
Dec 30, 2018
Раиси маҷлиси аълои исломии Ироқ бо таъкид бар инки мардуми ин кишвар ҳеҷ гоҳ ҳимоятҳои Эрон аз Ироқ дар рӯзҳои сахти ҷанг бо ДИИШ-ро фаромӯш намекунанд, тасреҳ кард, ироқиҳо шарики таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон нахоҳанд шуд.
-
Dec 23, 2018
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Душманон мехоҳанд бо эҷоди ихтилол дар масири тиҷорати хориҷӣ, Эронро дар таъмини колоҳои мавриди ниёз бо мушкил рӯбарӯ кунанд, аммо ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд.
-
Dec 20, 2018
Раисиҷумҳури Эрон гуфт, иқдомоти Амрико алайҳи Эрон саддарсад террористӣ аст, чаро, ки кишварҳои дигарро аз иҷрои қатъномаи 2231, тиҷорати озод ва иҷрои хости миллатҳо, ширкатҳо ва фаъолони иқтисодӣ метарсонад.
-
Dec 12, 2018
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи ахири Амрико алайҳи мардуми Эрон, таъсироти манфӣ рӯи саломати онҳо ва ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ба ақшори осебпазир дорад.
-
Dec 11, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Содироти нафти Эрон пас аз иҷро шудани марҳалаи дувуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон (чаҳоруми ноябр) ҳамчунон идома дорад.
-
Dec 06, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин бори дигар бо таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон мухолифат кард.
-
Nov 08, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, бо вуҷуди таҳримҳои Амрико зидди Эрон, Исломобод равобити худро бо Теҳрон густариш ва мубодилоти тиҷорӣ бо ҳамсояи худро беш аз пеш афзоиш хоҳад дод.
-
Nov 06, 2018
Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз дар паёми видеоие хитоб ба миллати Эрон гуфт, ки давлати Амрико аз рафтори худ бо мардуми Эрон пушаймон хоҳад шуд.
-
Nov 05, 2018
Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо ирсоли номае ба дабири кулли ин созмон, хостори маҳкум кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико алайҳи мардуми Эрон ва муқобила бо онҳо шуд.