Ҷустуҷу
-
Dec 16, 2020
Амрико бо корномае торик дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон, борҳо фирор аз посух ба афкори умумӣ, рафтори дигар кишварҳоро, аз ҷумла дар мавриди масъалаҳои озодии матбуот ва муносибат бо хабарнигорон зери суол мебарад.
-
Dec 15, 2020
Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик бори дигар аз мардуми ин кишвар дархост кард, то бо пардохти бамавқеи ҳазинаи барқ, сарфаҷӯиро ҳам дар дастури кори худ қарор диҳанд.
-
Dec 14, 2020
Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Вена ба гузориши ҷадиди ожонс дар бораи ростиозмоии иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии Эрон бар асоси БарҶом вокуниш нишон дод ва мавзеи Теҳронро дар ин замина баён кард.
-
Dec 14, 2020
Созмони ғизо ва доруи Амрико ҳушдор дод, ки чор ширкаткунанда дар озмоиши ваксинаи Ковид-19 ширкати амрикоии Pfizer ба фалаҷи рӯй мубтало шудаанд.
-
Dec 13, 2020
Роҳбари Маркази вирусшиносии Гамелияи Вазорати тандурустии Русия эълом дошт, ки ваксинаи Спутник V баданро то ду сол аз вируси Ковид-19 муҳофизат мекунад.
-
Dec 13, 2020
Додгоҳи ноҳияи Рашт як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ба 5 сол зиндон маҳкӯм кард.
-
Dec 12, 2020
Мудири кулли сулҳ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон бар дастрасии баробари ҳамаи остонҳо ба ваксинаи Ковид-19 дар саросари ҷаҳон таъкид кард.
-
Dec 11, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз эҳзори сафири Туркия дар Теҳрон дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаву ғайриқобилиқабли раиси ҷумҳурии Туркия дар сафар ба Бокӯ хабар дод.
-
Dec 11, 2020
Кохи “Ваҳдат”, ки бинои аввалияи он дар соли 1974 мелодӣ сохта шуда ва ба тозагӣ мароҳили бозсозии он поён ёфтааст, бо ҳузури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бозкушоӣ шуд.
-
Dec 11, 2020
Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба раёсати Ӯзбакистон, ки ба сурати видеоӣ баргузор шуд, бо имзои 12 санад ба кори худ поён дод.
-
Dec 11, 2020
Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар нишасте ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Dec 10, 2020
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як муллои тоҷик дар ноҳияи Ваҳдат ба иттиҳоми таъсиси мадрисаи ғайримуҷози исломӣ хабар дод.
-
Dec 10, 2020
Марде, ки сигор(сигарет)-и худро ҷилави як харчанг андохта буд бо камоли таъаҷҷуб дид, харчанг сигорро бардошта ва мекашад!
-
Dec 09, 2020
Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи ҳамкорӣ барои соли 2021 - ро баррасӣ карданд.
-
Dec 09, 2020
Таъсирпазирии Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз фишорҳои сиёсӣ ва шавоҳиде, ки нишон медиҳанд иттилооти маҳрамонаи аъзои МАГАТЭ ба берун фош мешавад; суолот ва ибҳомотеро матраҳ сохтааст.
-
Dec 08, 2020
Назариётшиноси амрикоӣ Навом Чомский гуфт, ки таҳримҳо алайҳи Эрон ҳеҷ машруъияте надоранд ва ба унвони василае барои шиканҷа ва ваҳшати мардум ба кор мераванд.
-
Dec 07, 2020
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълом кард, ки видеоҳову тасовири мунташиршудаи марбут ба иддаои озору азияти муҳоҷирони афғон дар Эрон ҳақиқат надорад.
-
Dec 07, 2020
Раиси сотсиал-демократии Тоҷикистон аз гирифтани як вакили мудофеи ҳуқуқии ботаҷриба барои дифоъ аз муовини боздоштшудаи ин ҳизб хабар дод.
-
Dec 07, 2020
Раиси Ҷумҳурии Амрико аз гирифтор шудани вакили шахсиаш Руди Ҷулиани ба вируси корона хабар дод.
-
Dec 07, 2020
Як мошини боркаш пиразани ҳиндиро зер гирифт, аммо дар камоли нобоварӣ ин зани куҳансол бидуни ҳеҷ гуна осебдидагӣ аз ҳодиса ҷони солим бадар бурд.