Ҷустуҷу
-
Jun 16, 2017
Дар раъйгирии рӯзи панҷшанбеи Сенати Амрико аз маҷмӯи сад намояндаи ҳозир 98 нафар ба тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ва Эрон раъйи мусбат додааст.
-
Jun 16, 2017
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон Амрикоро душмани аслии миллати Эрон дониста гуфт, бо тамассук ба Ислом, Қуръон ва ҷумҳурии исломӣ метавон дар муқобили Амрико ва душманон истодагӣ кард.
-
Jun 15, 2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти ахири вазири умури хориҷаи Амрико зидди Эронро мудохилаҷӯёна, нақзкунандаи сареҳи ҳуқуқи байналмилал ва ғайриқобили қабул донист ва ба шиддат маҳкум кард.
-
Jun 15, 2017
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбешаб аз нобуд шудани як тими террористӣ дар шаҳри Чобаҳори устони Систон ва Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон хабар дод.
-
Jun 15, 2017
Лоиҳаи “Ирҷои ихтилофоти Бонки Тавсеаи Содироти Эрон ва ширкати “Спитамен ойл”-и Тоҷикистон ба доварӣ дар Маҷлиси Эрон баррасӣ мешавад.
-
Jun 15, 2017
Рекс Тиллерсон вазири умури хориҷаи Амрико дар изҳороти ахири худ дар ҷаласаи Кумитаи равобити хориҷии Сено бори дигар иддао кард, ки Эрон ҳамчунон ба фаъолиятҳо ва мудохилоти бесуботкунандааш дар минтақаи Ховари Миёна идома медиҳад. Вай бо террорист хитоб кардани неруҳои муқовимати исломӣ дар минтақа гуфт: Эрон бо додани силоҳ ба ин неруҳо, муттаҳиди мо Исроилро таҳдид мекунад. Тиллерсон афзуд: Мо ва муттаҳидонамон бояд бо аҳдофи султаталабонаи Эрон дар минтақа муқобила кунем.
-
Jun 14, 2017
Бозикунон ва аъзои кадри фаннии тими миллии футбол бо раисҷумҳури исломии Эрон дидор карданд.
-
Jun 14, 2017
Як таҳлилгари исроилӣ гуфт, муҷозоти Арабистон ва кишварҳои арабии дигар алайҳи Қатар натоиҷи воруна хоҳад дошт.
-
Jun 14, 2017
Мардуми Эрони исломӣ ҳамзамон бо шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон бо ҳузур дар ҳарамҳо, масҷидҳо ва сойири маконҳои мазҳабӣ ба дуо ва ниёиш пардохтанд.
-
Jun 13, 2017
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, бо вуҷуди эътирози Амрико ба тавофуқи ҳастаии “Гурӯҳи панҷ ба илова як” бо Эрон ин санади байналамилалӣ иҷро мешавад.
-
Jun 13, 2017
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар паёме твиттерӣ роҳёбии тими миллии футболи Эронро ба Ҷоми ҷаҳонии Русия табрик гуфт.
-
Jun 13, 2017
Тими миллии футболи Эрон душанбе шаб бо бартарии 2 бар сифр муқобили Узбакистон ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия роҳ ёфт, то барои панҷумин бор дар торих, мусофири муҳимтарин рӯйдоди футболи ҷаҳон шавад.
-
Jun 12, 2017
Вазири умури хориҷаи Қатар аз ироаи пешниҳоди содироти густардаи анвои маҳсулоти ғизоӣ ба ин кишвар аз тарафи Эрон ва Русия хабар дод.
-
Jun 12, 2017
Тими милли волейболи Эрон дар охрин дидор аз ҳафтаи дувуми Ҷоми ҷаҳонии волейболи 2017, баробари тими миллии Аргентина қарор гирифт ва ин тимро шикаст дод.
-
Jun 11, 2017
Иҷлоси сарони созмони Шанҳай ҳафтаи гузашта дар ҳоле дар Қазоқистон баргузор шуд, ки дар ин нишаст Ҳинду Покистон низ ба таври расмӣ ба узвияти доими ин созмон даромаданд.
-
Jun 11, 2017
Вазири иттилооти Эрон таъкид кард: Дар се соли гузашта ҳудуди 100 гурӯҳи террористӣ дар Эрон шиносоӣ ва нобуд шудааст.
-
Jun 11, 2017
Дабири кулли Ҷунбиши носириҳои мустақили Лубнон гуфт: Амрико ва авомили минтақаии он ба фикри бар ҳам задани амнияти ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони реша ва асоси меҳвари муқовимат ҳастанд.
-
Jun 11, 2017
Намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноеи Русия дар Эрон, дар дидор бо мудир омили минтақаи озоди Анзалӣ (шимоли Эрон), бар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар бо истифода аз зарфиятҳои ин минтақа таъкид карданд.
-
Jun 11, 2017
Бар асоси ҷадидтарин гузориши Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Милал (Unctad), Эрон бо ҷазби се миллиарду 371 миллион доллар сармоя дар соли 2016, рушди 64 дарсадиро сабт кардааст.