Ҷустуҷу
-
Jul 17, 2019
Аъзои гурӯҳи Толибон бо тасарруфи маъдани "Лоҷвард" дар вилояти Бадахшон, шимоли шарқи Афғонистон 20 низомии афғонро ба асорат гирифтанд.
-
Jul 16, 2019
Артиши Афғонистон аз кушта шудани 90 тан аз аносури гуруҳи Толибон дар вилояти Балх шимоли ин кишвар хабар дод.
-
Jul 15, 2019
Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз эҷоди тафоҳуми аввалия миёни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон хабар дод.
-
Jul 14, 2019
Манобеи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз даври ҷадиди музокироти сулҳ байни Амрико ва Толибон дар Доҳаи Қатар хабр доданд.
-
Jul 13, 2019
Гурӯҳи Толибон ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро, ки бистуҳаштуми сентябр баргузор мешавад, таҳрим кард.
-
Jul 10, 2019
Раисҷумҳури Афғонистон бар лузуми музокираи мустақими давлати ин кишвар бо гурӯҳи Толибон бидуни пешшарт таъкид кард.
-
Jul 10, 2019
Шохаи ҷудошудаи гурӯҳи ифротии Толибон, мавсум ба шохаи Мулло Расул ҳушдор дод, музокироти ба истилоҳи сулҳи Амрико дар Қатар заминасози оғози ҷанги дигаре дар Афғонистон хоҳад шуд.
-
Jul 09, 2019
Ҳафтумин даври музокироти ба истилоҳ сулҳи Амрико бо Толибон дар Қатар пас аз ду рӯзи вақфа имрӯз аз сар гирифта шуд.
-
Jul 09, 2019
Дар ҳамлаи аъзои гурӯҳи Толибон ба вилояти Кундуз, шимоли Афғонистон дастикам 20 нафар аз нерӯҳои артиши ин кишвар кушта шуданд.
-
Jul 09, 2019
Бар асари даргирӣ байни неруҳои артиши Афғонистон ва аъзои гуруҳи Толибон дар вилояти Дойкундӣ дар маркази ин кишвар камаш 30 узви ин гуруҳ кушта шуданд.
-
Jul 07, 2019
Намонядагони Амрико дар музокироти сулҳ ва сухангӯи Толибон дар Дуҳаи Қатар бо интишори твитҳое ҷудогона, натиҷаи ҳафтумин даври музокиротро мусбат арзёбӣ карданд.
-
Jul 04, 2019
Инфиҷорҳои ахире, ки дар Кобул-пойтахти Афғонистон рӯх дод ва беш аз сад кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, ҳамчунин мавзӯи гуфтугӯҳои сулҳ миёни давлат ва Толибонро зер савол бурд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки Амрико бо истифода аз даҳшатафкании Толибон мехоҳад давлати Коблуро таҳти фишор қарор диҳад, то гузаштҳои бештаре дошта бошад.
-
Jun 30, 2019
Манобеи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз даври ҷадиди музокироти сулҳ байни Амрико ва Толибон дар Давҳаи Қатар хабар доданд.
-
Jun 26, 2019
Дар поёни шашумин давр аз музокироти Толибон ва Амрико эълом шуд, ки ҷонибҳо барои таҳияи пешнависи тарҳи созиши Толибон ва Вашингтон, ки мароҳили хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, оташбаси умумимиллӣ ва оғози музокироти байнулафғониро шомил мешуд, ба тавофуқ расиданд.
-
Jun 17, 2019
Сарпарасти Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон, ки дар Маҷлиси сенати ин кишвар сухан мегуфт, аз иҷозаи Толибон ба духтарон барои таҳсил то мақтаи диплом хабар дод.
-
Jun 13, 2019
Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, то рӯзи чаҳоршанбе 490 зиндонии Толибон ба дастури Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури ин кишвар аз зиндон озод шуданд.
-
Jun 09, 2019
Мақомоти амниятии Афғонистон мегуянд таи амалиёте аз зиндони гуруҳи Толибон дар вилояти Форёб дар шимоли ин кишвар 8 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки узви гуруҳи ДИИШ буданд озод кардаанд.
-
Jun 03, 2019
Сенати Афғонистон дар вокуниш ба баёнияи раҳбари Толибон эълом кард, ки Толибон тамоюле ба сулҳ надорад ва барои саркӯби ин гурӯҳ бояд амалиёти густурдаи низомӣ роҳандозӣ шавад.
-
Jun 01, 2019
Саркардаи Толибони Афғонистон эълом кард, Толибон ҳанӯз омодаи музокира бо давлати Афғонистон барои сулҳ нест.
-
Май 30, 2019
Дуввумин нишасти намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон барои ҳалли буҳрони ин кишвар дар Маскав, бо судури баёнияе поён ёфт.