Ҷустуҷу
-
Jan 07, 2018
Додситони вилояти Суғд аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи 15 пизишк дар бимористонҳои ин минтақа, ба иттиҳоми анҷоми амали сезориан (буриши қайсарӣ) бидуни мурооти муқаррароти беҳдоштӣ хабар дод.
-
Jan 07, 2018
Ҷангандаҳои Саудӣ дар идомаи ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Яман, як бозорро дар устони Саъда (шимоли Яман) бомбаборон карданд.
-
Jan 07, 2018
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар ба иттиҳоми таъсиси ширкати ғайриқонунии эъзоми нерӯи кор ба хориҷ ва фиреб кардани шаҳрвандони ин кишвар дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
-
Jan 06, 2018
Вазири иттилооти Эрон бо ишора ба шаҳодати се неруи амниятӣ ба дасти террористҳо дар минтақаи марзии Пироншаҳр (шимолу ғарби Эрон), таъкид кард, неруҳои амниятии Эрон ба зуддӣ посухи кӯбандае ба гурӯҳакҳои террористӣ ва зидди инқилоб дар минтақа, хоҳанд дод.
-
Jan 06, 2018
Бонки Миллии Тоҷикистон аз тасмим барои коҳиши мизони сармояи аввалияи бонкҳои тозатаъсис дар ин кишвар хабар дод.
-
Jan 06, 2018
Муовини шайхи “Ал-Азҳар” таъкид кард, куштани террористҳо аз назари шаръӣ воҷиб аст.
-
Jan 05, 2018
Расонаҳо ва каналҳои “Телеграм”-ии душман дар ошӯбҳои ахир дар Эрон аз дурӯғгӯӣ ва овозапароканӣ, истифодаи бисёр бурданд.
-
Jan 04, 2018
Русия ва Чин Амрикоро аз мудохила дар умури Эрон барҳазар доштанд.
-
Jan 04, 2018
Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бори дигар тавсия кард, таърифаи барқро афзоиш диҳад.
-
Jan 04, 2018
Муштариёни бонки варшикастшудаи “Тоҷпромбонк”, ки беш аз як сол аст наметавонанд амонот ва супурдаҳои худро бозпас бигиранд, бо ирсоли номае ба раисҷумҳурии Тоҷикистон, аз вай дархости кумак кардаанд.
-
Jan 04, 2018
Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дархост кардааст, ки дар бораи далели қатъи паёмрасони “NGN” тавзеҳ диҳанд.
-
Jan 03, 2018
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде бо 32 грамм санги қиматбаҳои ёқут ва квартс дар ноҳияи Мурғоб хабар дод.
-
Jan 03, 2018
Иқтисоддони тоҷик гуфт, низоми бонкии Тоҷикистон дар пардохти маблағи муштариён дар соли гузаштаи 2017 нотавон буд.
-
Jan 02, 2018
Як зани мусулмони доғистонӣ рақиби интихоботии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мешавад.
-
Jan 01, 2018
Созмони милали муттаҳид эълом кард, нерӯҳои амниятии Мянмар садҳо рустои мусулмонони Роҳингия дар ин кишварро тахриб кардаанд.
-
Jan 01, 2018
Режими саҳюнистӣ барои ишғоли Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва афзудани он ба сарзаминҳои таҳти тасарруфи худ, талош мекунад.
-
Dec 31, 2017
Интифозаи Қудс, ки аз октябри 2015 оғоз шудааст, соли 2017 низ ба қуввати худ идома дошт ва дар ин сол 98 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва шумори шуҳадои интифозаи Қудс ба 366 нафар расид.
-
Dec 31, 2017
Дар ростои сиёсатҳои Вашингтон дар ҳимоят аз ДИИШ, болгардҳои амрикоӣ шуморе аз бозмондаҳои ин гурӯҳи террористиро аз урдугоҳи Алсад дар ҷануби устони Алҳасака (шимоли шарқи Сурия) ба макони номаълуме мунтақил карданд.
-
Dec 31, 2017
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише бо унвони «Тоҷикистон, афзоиши осебпазирӣ бо вуҷуди рушди иқтисоди пойдор», ба баррасии далоили афзоиши қаррзҳои Душанбе дар сол 2017 милодӣ пардохт.
-
Dec 31, 2017
Барқи тавлид шуда дар турбини нахусти неругоҳи барқӣ обии Сарбанд бар рӯи рӯдхонаи Вахш дар вилояти Хатлони Тоҷикистон пас аз бозсозӣ дар тобистони соли 2018 вориди шабакаи воҳиди барқии ин кишвар,хоҳад шуд.