Ҷустуҷу
-
Dec 03, 2017
Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, мудири кулли умури сиёсӣ ва амнияти байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар 22-умин Конфронси кишварҳои узви Конвенсияи манъи силоҳҳои химиявӣ, ки дар Лоҳаи Ҳолланд ба кори худ поён дод, вуҷуди зарродхонаҳои химиявиро хатаре барои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ донист.
-
Nov 19, 2017
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Эрон, Туркия ва Русия, кишварҳои зомини раванди Остона дар пойтахти Қазоқистон омода ҳастанд, то заминаҳои сулҳ, субот ва амнияти пойдорро дар Сурия барқарор кунанд.
-
Nov 11, 2017
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, маросими “Арбаини ҳусайнӣ” (а)-и имсол бо амнияти хубе баргузор шуд ва то кунун ҳеҷ иттифоқи амниятӣ рух надодааст.
-
Nov 04, 2017
Шаҳри Ню-Йорк дар Амрико бори дигар шоҳиди амалиёти террористии як унсури вобаста ба ДИИШ буд. Ин амалиёт дар ҳоле иттифоқ афтод, ки тадобири шадиди амниятӣ пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп шадидтар шудааст.
-
Oct 22, 2017
Намояндагони маҷлиси миллии Афғонистон, хостори лағви тавофуқномаи амниятии ин кишвар бо Амрико шуданд.
-
Sep 17, 2017
Як ҳавопаймои хутути ҳавоии “Бритиш Эйрвейз” дар фурӯдгоҳи Порис мутаваққиф шуд.
-
Sep 05, 2017
Додситонии шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон парвандаи 6 муттаҳами ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳрро ба додгоҳ ирсол кард.
-
Aug 12, 2017
Раисиҷумҳури Узбакистон аз фишори нерӯҳои амниятӣ бар матбуоти ин кишвар интиқод кард.
-
Aug 06, 2017
Дар идомаи мавзеъгириҳои зиддиэронии Вашингтон мушовири умури амнияти миллии Амрико муддаӣ шуд, Эрон БАРҶОМ-ро нақз кардааст.
-
Jul 29, 2017
Куллиёти тарҳи муқобила бо иқдомоти террористӣ ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар минтақа, дар ҷаласаи фавқулодаи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон тасвиб шуд.
-
Jul 28, 2017
Дар пайи музокироти имомхатибони масоҷиди Узбакистон ва мақомоти маҳаллӣ дар ин кишвар номи 4 152 нафар аз феҳристи мавсум ба "рӯйхати сиёҳ" ҳазф шуд.
-
Jul 27, 2017
Дар нишасте дар қолаби гуфтугӯи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иёлоти муттаҳида дар шаҳри Душанбе масоили амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
-
Jul 24, 2017
Раисҷумҳури Қирғизистон эълом кард: Пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ин кишвар таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти Қирғизистон буд.
-
Jul 12, 2017
Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфт, паймони амниятии Кобул ва Вашингтон натиҷае надошта ва сулҳу субот барои ин кишвар ба армуғон наёвардааст.
-
Jul 08, 2017
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бо ибрози хушбинӣ дар бораи дурнамои тарҳи интиқоли барқи КАСА-1000, бархе нигарониҳо дар бораи таъмини амнияти ин тарҳ дар қаламрави Афғонистонро то андозае бузургнамоӣ тавсиф кард.
-
Jun 20, 2017
Хонаводаи Лионел Месси, ситораи аргентинии тими “Барселона”-и Испания барои таъмини амнияти маросими издивоҷи ӯ маъмурони як ширкати амниятии хусусии исроилиро ба истихдом гирифтааст.
-
Jun 19, 2017
Вазорати дифои Русия бо лағви тафоҳумномаи амнияти парвозҳо бо Амрико таъкид кард, ки аз ин ба баъд ҳар ҳавопаймоеро дар Сурия ҳадаф қарор медиҳад.
-
Май 23, 2017
Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб токунун 6 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳр боздошт кардаанд, ки ҳамаи онон аз аъзои гурӯҳи мамнуи Салафия ҳастанд.
-
Май 17, 2017
Имрӯз дар Душанбе президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон Муҳаммад Маъсум Станикзай дидор намуд.
-
Май 16, 2017
Қазоқистон бо ҳамкории Идораи амнияти миллии ҳастаии Амрико Маркази омӯзиши амнияти ҳастаӣ дар минтақае наздик ба Алмаато таъсис кард.