Ҷустуҷу
-
Sep 08, 2016
Нахуствазири Узбакистон ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар таъин шуд.
-
Sep 04, 2016
Ин рӯзҳо баҳсҳо дар бораи ояндаи сиёсии Узбакистон пас аз марги раиси ҷумҳурии ин кишвар дар сархатти расонаҳои минтақа аст.
-
Sep 04, 2016
Донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ибрози умедворӣ кард, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, давлатмардони ҷадиди ин кишвар барои беҳбудии равобити дуҷониба бо Тоҷикистон ба унвони "миллати дӯсту бародар" мусоидат мекунанд ва аз мақомоти Душанбе низ чунин интизорӣ вуҷуд дорад.
-
Sep 04, 2016
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ишора ба даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон гуфт, акнун барои нухбагони сиёсии ин кишвар фурсате фароҳам шудааст, то бо нигоҳ ба амалкарди қаблии худ дар бораи оянда тасмими дуруст бигиранд.
-
Sep 03, 2016
Саранҷом, пас аз 5 рӯзи эъломи аввалин хабари даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон аз сӯйи бархе манобеи хабарии русӣ мақомоти Тошканд рӯзи ҷумъа (2 сентябр) расман ин хабарро таъйид карданд.
-
Sep 03, 2016
Давлати Узбакистон ба муносибати фавти Ислом Каримов- раисиҷумҳури ин кишвар, 3 рӯз азои умумӣ эълом кард.
-
Sep 03, 2016
Муовини раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ ё созмони Афви байналмилал гуфт, бо марги Ислом Каримов чандон тағйире дар низоми Узбакистон рух нахоҳад дод ва давлати баъдӣ низ ҳамон рӯйкарди давлати қаблро идома хоҳад дод.
-
Sep 03, 2016
Раиси Комиссияи умури байналмилали ДУМА-и Русия гуфт, Маскав пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон нигарони бурузи бесуботӣ дар ин кишвар, ба вижа қудратнамоии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ аст.
-
Sep 03, 2016
Давлати Узбакистон ба таври расмӣ хабари даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишварро эълом кард.
-
Sep 02, 2016
Хабаргузории "Reuters" бо такя ба се манбаи худ аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Як дипломат ба ин хабаргузорӣ марги Ислом Каримовро таъйид кардааст.
-
Sep 01, 2016
Як гурӯҳи пизишкони рус, муташаккил аз барҷастатарин мутахассисони ин кишвар барои дармони раисҷумҳури Узбакистон ба Тошканд эъзом шуд.
-
Sep 01, 2016
Паёми табрикии Ислом Каримов ба мардуми кишвараш ба муносибати ҷашни Истиқлоли ин кишвар дар телевизиони Узбакистон қироат шуд.
-
Sep 01, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки тағйироти эҳтимолии қудрат дар Узбакистон дар ояндаи наздик, ба маънеи таҳаввули қобили мулоҳиза дар равобити ин кишвар бо Тоҷикистон нахоҳад буд.
-
Sep 01, 2016
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода дар марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон дар ғарби ин ҷумҳурӣ посгоҳи ҷадиди марзбониро ифтитоҳ карданд.
-
Aug 31, 2016
Дар пайи бемории Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ин рӯзҳо гӯшу ҳушу маҳофили сиёсии ҷаҳон беш аз пеш мутаваҷҷеҳи Тошканд аст.
-
Aug 31, 2016
Манобеи хабарии маҳаллӣ гузориш доданд, ки мақомоти Узбакистон ҷашнҳои расмии Рӯзи миллии истиқлоли ин кишварро, ки барои аввали сентябр барномарезӣ шуда буд, лағв кардаанд.
-
Aug 30, 2016
Дар ҳоле ки бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон хабар додаанд, ҳанӯз манобеи расмии ин кишвар ин хабарро таъйид накардаанд.
-
Aug 30, 2016
Ҳукумати Узбакистон эълом кард, аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ тарофаҳои транзитиро барои васоили нақлияи Тоҷикистон афзоиш додааст.
-
Aug 29, 2016
Хонаводаи Ислом Каримов-раисиҷумҳури Узбакистон эълом карданд, вай дучори хунрезии мағзӣ шудааст.
-
Aug 29, 2016
Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии 78 солаи Узбакистон дар бемористон бистарӣ шуд.