Ҷустуҷу
-
Feb 26, 2017
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, имрӯз бар ҳамагон ошкор шуда, ки Арабистон ба дунболи оддисозии равобит бо Исроил аст ва барои бақои ин режими ишғолгар талош мекунад.
-
Feb 23, 2017
Афви Байналмилал абъоди ҷиноятҳои Арабистонро дар Яман бисёр густурда хонда, хостори муҳокимаи Оли Сауд дар додгоҳҳои байналмилалӣ шудааст.
-
Feb 22, 2017
Раиси Шӯрои муфтиёти Русия аз мақомоти Арабистони Саудӣ дархост кардааст, ки барои сафари ҳаҷи коргарони муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон муҷаввиз ва саҳмия ихтисос диҳанд.
-
Feb 20, 2017
Як шаҳрванди Арабистон дар устони Аҳсо дар шарқи ин кишвар, хиёбонҳои обгирифтаи шаҳрро ба ҷое барои тафреҳ бо ҷети лижаронӣ табдил кард.
-
Feb 16, 2017
Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, фурудгоҳи байналмилалиии Абҳа дар устони Асири Арабистонро бо мушаки баллистикӣ ҳадаф қарор доданд.
-
Feb 14, 2017
Арабистони Саудӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Маъриби Яман, бори дигар аз бомбаи хӯшаӣ истифода кард.
-
Feb 12, 2017
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, Арабистон ҳанӯз дучори як таваҳҳум ва иштибоҳ аст ва дар гузашта ҳам ин иштибоҳ Арабистонро бо мушкилот мувоҷеҳ кард.
-
Feb 06, 2017
Як пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Алмазоҳамия дар ғарби Риёз, пойтахти Арабистон, якшанбе шаб ҳадафи як фарванд мушаки баллистики пешрафтаи артиши Яман қарор гирифт.
-
Feb 04, 2017
Арабистон аз вуруди киштиҳои тиҷорӣ ё киштиҳои ҳомили кӯмакҳои инсондӯстона ба бандарҳои Яман бо ҳадафи кӯмак ба мардуми ин кишвар ҷилавгирӣ мекунад.
-
Feb 02, 2017
Раииси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, нерӯҳои Яман то кунун 20 дарсад аз новгони дарёии Арабистонро нобуд кардаанд.
-
Jan 31, 2017
Раиси Созмони иттилооти Арабистон аз вуҷуди тарҳи кудатои қарибулвуқуъ дар Иморот хабар дод.
-
Jan 30, 2017
Масъулони арабистонӣ барои тағйири чеҳраи худ дар дунё даст ба иқдоме задаанд, ки метавон онро ифротгароӣ ва ё мисоли “афтодан аз сӯи дигари бом” таъбир кард.
-
Jan 26, 2017
Мутаҷовизони Саудӣ дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба мардуми ғайринизомии Яман аз бомбҳои фосфорӣ ва хӯшаӣ истифода карданд.
-
Jan 25, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Арабистон дар Риёз ба сар мебарад, сармоягузории ин кишварро дар сохти неругоҳи барқи обии Роғун хостор шудааст.
-
Jan 24, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ хост то дар нерӯгоҳи обии “Роғун” сармоягузорӣ кунад.
-
Jan 23, 2017
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд- подшоҳи Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид.
-
Jan 18, 2017
Муовини вазири умури хориҷаи Сурия дар бораи мушорикати Арабистон ва Қатар дар нишасти Остона гуфт, ҳомиёни терроризм ва касоне, ки ба тақвият ва таҷҳизи террористҳо мепардозанд, ҷое дар нишасти Остона надоранд.
-
Jan 16, 2017
Пешравиҳои артиши Ироқ ва Сурия барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ мӯҷиби сардаргумии ҳомиёни ғарбӣ ва арабии онон шудааст. Нишасти ба истилоҳ зидди ДИИШ ба саркардагии Амрико ва меҳварияти Риёз навъе тадбирандешӣ барои ҷилавгирӣ аз ин шикастҳо будааст.
-
Jan 15, 2017
Дар пайи ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба устони Таъиз-ҷанубу ғарби Яман, шуморе аз шаҳрвандони ин кишвар, кушта шуданд.
-
Jan 11, 2017
Муҳаммад ал-Ҷадъон, вазири дороии Арабистон бо ишора ба касри будҷаи кулли кишвараш ва кундии раванди рушди иқтисодӣ гуфт: Агар воқеиятро набинем, мумкин аст дар Арабистон фоҷиаи иқтисодӣ рух диҳад.