Ҷустуҷу
-
Dec 14, 2020
Созмони ғизо ва доруи Амрико ҳушдор дод, ки чор ширкаткунанда дар озмоиши ваксинаи Ковид-19 ширкати амрикоии Pfizer ба фалаҷи рӯй мубтало шудаанд.
-
Dec 14, 2020
Коршиноси энергетикии Тоҷикистон тахмин мезанад, ки ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба 4 миллиард доллар ниёз дорад.
-
Dec 13, 2020
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни пардохт кирояи роҳ ва ҳазинаи интиқоли бор дар ҳамлу нақл барои мутахаллифон аз ин қонун 15 сомонӣ, ҷарима таъин кард.
-
Dec 12, 2020
Котиботи Конфронси байналмилалии дастгирии Интифозаи Фаластинии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон созишномаи ҳукумати Шоҳигарии Мағриб бо режими саҳюнистиро маҳкум кард.
-
Dec 10, 2020
Додгоҳи ҷиноии Арабистони Саудӣ садамаи крани соли 2015 дар Маккаро, ки 111 нафарро кушт, ҳамчун "Балои осмонӣ" тавсиф кард ва ҷинояткоронро сафед кард.
-
Dec 09, 2020
Додгоҳе дар Маскав барои як зани рус, ки ба ҳамроҳи ҳамсари тоҷикаш бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафта буд ҳукми 5 сол зиндони шартӣ содир кард.
-
Dec 09, 2020
Раиси Ҷумҳурии Арманистон дар номае ба ҳамтои руси худ кӯмаки Маскавро дар масъалаи аломатгузории марзӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон хостор шуд.
-
Dec 09, 2020
Расонаҳои Покистон аз тасмими нахуствазири ин кишвар барои матраҳ кардани баҳси қатъи равобити кишварҳои исломӣ бо Фаронса хабар доданд.
-
Dec 08, 2020
Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистон барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра ба далели густариши вируси корона, ки қарор буд аз моҳи ноябр аз сар гирифта шавад, аз охирҳои моҳи январи соли 2021 оғоз мегардад.
-
Dec 08, 2020
Шаҳрвандони Қазоқистон бо тасвиби тавофуқномаи таъмини нафақаи коргарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз мазоёи он баҳраманд мешаванд.
-
Dec 07, 2020
Раиси сотсиал-демократии Тоҷикистон аз гирифтани як вакили мудофеи ҳуқуқии ботаҷриба барои дифоъ аз муовини боздоштшудаи ин ҳизб хабар дод.
-
Dec 07, 2020
Даҳҳо ҳазор мӯътаризон дар Ереван барои барканории Никол Пашинян аз нахуствазири Арманистон то рӯзи сешанбе ҳаштуми декабр зарбулаҷал (ултиматум) таъин карданд.
-
Dec 06, 2020
Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик ваъда дод, ки бо поёни тармими хутути интиқоли барқ то як ҳафтаи дигар маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон бекор карда мешавад.
-
Dec 06, 2020
Даҳҳо ҳазор муътариз бо тазоҳурот дар пойтахти Арманистон барои барканории Никол Пашинян аз симмати нахуствазирӣ то рӯзи сешанбеи ин ҳафта, зарбулаҷал таъйин карданд.
-
Dec 05, 2020
22 созмон ва гурӯҳи ҳуқуқи башарии байналмилалӣ бо ирсоли номае ба гурӯҳи Осиё-Уқёнусия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мухолифати худро бо номзадии Баҳрайн барои тасаддии пости раёсати Шӯрои ҳуқуқи башар эълон карданд.
-
Dec 04, 2020
Рӯзи ҷумъа, 4 декабр дар Покистон барои наҷот аз вируси корона “Рӯзи дуо” эълом шуд.
-
Dec 03, 2020
Бо вуҷуди бархе вокунишҳои манфӣ ба таъсиси маркази муштараки низомии Русия ва Туркия дар минтақаи Қарабоғ, вазорати дифои Туркия бо интишори баёнияе, аз имзои тавофуқнома бо Маскав барои эҷоди ин марказ ба манзури кантрол бар оташбас дар ин минтақа хабар дод.
-
Dec 02, 2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз авзои муташанниҷи Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Nov 30, 2020
Як бачаоҳуи шуҷоъ дар парки милии Кения ба як паланги болиғ ҳамла кард ва бо сар ба ин ҳайвони дарранда зарба зад.
-
Nov 29, 2020
Мақомоти ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд аз ихтисоси маблағи 13 миллион сомонӣ барои таъмини оби солими ошомидании се ҳазор сокини шаҳраки саноатии Шӯроб хабар доданд.