Ҷустуҷу
-
Mar 17, 2018
Раисҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати даҳаи байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” ба Ню-Йорк сафар мекунад.
-
Mar 17, 2018
Пахши расмии канали форсизабони “Ifilm - 2” (Ай Филм -2) дар остонаи фаро расидани Наврӯз ба унвони рамзи иштироки фарҳангӣ ва ойини миллатҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз шуд.
-
Mar 17, 2018
Мудири ширкати гардишгарии вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати тамоюли гардишгарони хориҷӣ барои боздид аз Афғонистон, шароити ин сафар муҳайё аст.
-
Mar 17, 2018
Ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”-и Русия қимати билети худ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар Тоҷикистонро аз 16 –уми марти соли ҷорӣ 55 дарсад арзонтар кардааст.
-
Mar 17, 2018
Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кард, пас аз баррасии салоҳияти мақомоти давлатии ин кишвар 2 ҳазору 767 нафар нумра (баҳо)-и 3 гирифтанд ва 24 нафар низ ношоиста эълом шудаанд.
-
Mar 15, 2018
Вазири иқтисоди Туркия хостори афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Душанбе ва Анкара шуд.
-
Mar 15, 2018
Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев,раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар паёмҳои ҷудогона, интихоби дубораи Ангела Меркел ба унвони садри аъзам Олмонро ба вай, табрик гуфтанд.
-
Mar 15, 2018
Мақомоти масъули Душанбе ва Тошканд тавофуқномаи содироти гази табии Узбакистон ба Тоҷикистонро ба имзо расонданд.
-
Mar 15, 2018
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, рақобати маҳсулоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон, ба нафъи масрафкунандагон аст.
-
Mar 15, 2018
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ содироти барқи ин кишвар ба хориҷ афзоиш хоҳад ёфт.
-
Mar 14, 2018
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфт, Қазоқистон дар миёни шарикони хориҷии иқтисодии Тоҷикистон рутбаи дувумро аз они худ кардааст.
-
Mar 14, 2018
Раисҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз Душанберо ба мақсади Остона - пойтахти Қазоқистон тарк кард.
-
Mar 14, 2018
Бонки Ҷаҳонӣ аз вуҷуди мушкилоти зиёде дар низоми бонкии Тоҷикистон хабар дод, ки боиси нобасомонӣ дар раванди пардохти молиёт мешавад.
-
Mar 14, 2018
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, ҷанги сард миёни ин ду кишвари ҳамсоя ба поён расид.
-
Mar 14, 2018
Писар, домод ва ронандаи вазири пешини саноати Тоҷикистон ба иттиҳоми авбошӣ дар пайи як даргирӣ дар як бошгоҳ (клуб)-и шабона дар шаҳри Душанбе, боздошт шудаанд.
-
Mar 13, 2018
Мудири бошгоҳи таҳлилии Евразия муътақид аст, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон ба нафъи ин ду кишвар аст.
-
Mar 12, 2018
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз рӯзноманигорон хост, барои инъикоси мушкилоти ҷомеа бидуни тарс ба навиштани матолиби таҳлилӣ ва интиқодӣ иқдом кунанд.
-
Mar 11, 2018
Раисҷумҳури Узбакистон дар идомаи сафар ба Душанбе бо раиси Парлумони Тоҷикистон дидор ва бар афзоиши ҳамкориҳои парлумонии байни 2 кишвар таъкид кард.
-
Mar 11, 2018
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон эълом карданд, парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя, дубора барқарор хоҳад шуд.