Ҷустуҷу
-
Oct 07, 2021
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар нахустин сафари худ ба Бейрут, ба унвони вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, зимни эъломи ҳимояти қавии ҷумҳурии исломӣ аз Лубнон, аз омодагии Теҳрон барои ҳимояти ҳамаҷониба аз Лубнон, ба вижа дар шароити иқтисодии душвори кунунӣ хабар дод.
-
Oct 06, 2021
Фотоклипи тавлидшуда дар Фарҳангсарои фанноварии иттилоот, ки ба баёни вижагиҳои шахсиятии ҳазрати Имом Ризо алайҳис-салом дар каломи Раҳбарӣ мепардозад
-
Oct 05, 2021
Муовини волии Толибон дар вилояти Ҳирот, ҳамзамон бо таҳвили чаҳорумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон таъкид кард, ки ин гуруҳ иҷоза нахоҳад дод таҳдиде аз сӯи гурӯҳаки террористии ДИИШ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирад.
-
Oct 05, 2021
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ душанбешаб дар паёме аз ифтихорофаринони тими миллии куштии озоди Ҷумҳурии исломии Эрон ташаккур карданд.
-
Oct 03, 2021
Конфедерасиюни футболи Осиё дар гузорше Эронро таҳсинбарангезтарин тими интихобии Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022-и Қатар номид .
-
Oct 03, 2021
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Неруҳои мусаллаҳи мо ҳисори мустаҳкаму сипари дифоии кишвар дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.
-
Oct 03, 2021
Намояндаи Эрон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева хостори иқдоми фаврӣ ва қотеъ барои поён додан ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластин шуд .
-
Oct 02, 2021
Раиси созмони санъат, маъдан ва тиҷорати устони Бушеҳри Эрон гуфт : Дар 6 моҳи нахусти имсол 12 миллиону 331 ҳазор тон колои ғайринафтӣ ба арзиши 4 миллиарду 630 миллион доллар аз тариқи гумрукҳо ва бандарҳои ин устон ба кишварҳои ҳадаф содир шуд.
-
Oct 02, 2021
Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон гуфт : Тавон размии падофанди ҳавоии Эрон бо сомонаҳои ҷадид афзоиш меёбад .
-
Oct 02, 2021
Раиси комиссиюни дифоӣ ва амниятии порлумони Словакия дар дидори сафири Эрон аз мизбонии Ҷумҳурии исломӣ аз муҳоҷирони афғонистонӣ қадрдонӣ кард.
-
Oct 02, 2021
Раиси ҷумҳӯрии Эрон аз минтақаи зилзилазадаи Сисахт дар шимолу ғарбии Ёсуҷ боздид кард .
-
Oct 01, 2021
Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, ҳайате ба раёсати устондори Куҳгилуя ва Бойер Аҳмад барои расидагӣ ба баррасии мушкилоти мардуми минтақаи Танги Сурх эъзом мешавад.
-
Sep 30, 2021
Дабири кулли ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, аз вуруди дуюмин маҳмулаи 6 миллион доза воксани корона ба кишвар хабар дод.
-
Sep 29, 2021
Раиси ҷадиди Созмони садо ва симои Эрон бо баёни ин ки нигоҳи байналмилалии ин созмон як нигоҳи намоишӣ нест, гуфт: Зарфиятҳову қобилиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаҳонӣ аст.
-
Sep 29, 2021
Бо поён ёфтани давраи масъулияти Алии Аскарӣ дар Созмони садо ва симои Эрон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳукме Паймони Ҷабалиро ба раёсати ин созмон мансуб карданд.
-
Sep 29, 2021
Муовини фаннӣ ва умури гумрукии гумруки Эрон гуфт, бо вуруди панҷоҳу нуҳумин маҳмулаи воксани корона, мизони воксанҳои воридотӣ аз марзи 73 миллион доза гузашт.
-
Sep 28, 2021
Нафтали Беннетт нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал бо такрори иттиҳомоти беасос алайҳи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон муддаӣ шуд, ки ҳадафи Эрон сохти силоҳи ҳастаӣ аст .
-
Sep 28, 2021
Муовини илмӣ ва фанноварии озмоишгоҳи пешболинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, Эрон ҷузви панҷ кишвари дунё аст, ки озмоишгоҳи муҷаҳҳази тасвирбардории пешболинӣ дорад.
-
Sep 26, 2021
Дуюмин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои миллати Афғонистон ирсол шуд .