Ҷустуҷу
-
Dec 27, 2018
Ширкати миллии барқи Афғонистон эълом кард, Узбекистон ба далели ниёзи дохилӣ, мизони барқи содиротии худ ба Афғонистонро коҳиш додааст.
-
Dec 13, 2018
Ҳукумати Тоҷикистон ба музди меҳнати кормандони мудирият оид ба истифодаи иншооти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун нишондиҳанда (коэффисиент)-и махсус муқаррар намуд. Қарор дахлдори ҳукумат дар ин хусус 30 ноябр қабул шудааст.
-
Dec 12, 2018
Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом карданд, ки ба далели камбуди барқ барои масрафи дохилӣ дар ин кишвар, содироти барқ ба Узбакистонро қатъ кардаанд.
-
Dec 03, 2018
Давлати Афғонистон бори дигар омодагии худро барои гуфтугӯ ҷиҳати барқарории сулҳ бо Толибон эълом кард.
-
Nov 28, 2018
Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои барқарории дубораи шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ 35 миллион доллар кумаки бебозгашт хоҳад расонд.
-
Nov 27, 2018
Ҳукумати Олмон мавзӯи мушорикати молӣ дар такмили сохти неругоҳи барқи обии Себзор дар қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистонро дар дасти баррасӣ дорад.
-
Nov 27, 2018
Бинобар эъломи ширкати давлатии Барқи Тоҷик теъдоди кормандони ин ниҳод тайи як соли охир ҳазор нафар камтар шудааст.
-
Nov 23, 2018
Як хабарнигори тоҷик аз саҳми эрониҳо дар сохти неругоҳи азими барқи обии Роғун ёд карда ва ин масъаларо боиси хурсандӣ унвон кардааст.
-
Nov 21, 2018
Арзёбиҳои ширкати муҳосиботи байналмилалии Moore Stephens KSC Assuraance SRL нишон медиҳад, ки ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 наздик ба севуним миллиард сомонӣ зиён додааст.
-
Nov 19, 2018
Муовини мудири Маркази пажуҳишҳои байналмилалии вобаста ба Мактаби олии иқтисодии Русия муътақид аст, барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон пас аз баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи он акнун бояд дар фикри фурӯши барқи бештар ба хориҷ буд, то манобеи молии мавриди ниёзи ин тарҳи муҳими энержӣ фароҳам шавад.
-
Nov 18, 2018
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон асри 17 ноябр ба муносибати оғози кори чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун аз мардуми кишвараш даъват кард, ки неруи барқро сарфакорона истифода кунанд.
-
Nov 05, 2018
Олудагии боло ва гаронқиматии сӯхт дар Тоҷикистон истифода аз мошинҳои барқиро дар ин кишвар зарурат мебахшад.
-
Oct 27, 2018
Қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳт “Сангтӯда -1” аз 106 миллион доллар фаро рафт.
-
Oct 25, 2018
Аз оғози сол Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуда, аз ин ҳисоб 72 млн. 527 ҳазор доллар даромад гирифт.
-
Oct 21, 2018
Ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон ба саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ дар ин минтақа ҳушдор додааст, ки аз баргузории ҳар гуна ҷамъомадҳо, нишастҳо ва гирдиҳамоиҳо ҷиддан худдорӣ кунанд, ки бо вокуниши сареъи неруҳои амниятӣ ва интизомӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
-
Oct 11, 2018
Буҷаи давлати Тоҷикистон ба манзури ихтисоси маблағи 80 миллион доллари дигар барои такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, ислоҳ шуд.
-
Oct 09, 2018
Мақомоти вазорати энергети ва захираҳои оби Тоҷикистон аз тавони ин кишвар барои содироти солона 3 миллиард киловатт соат барқ аз тариқи хати КАСА-1000 ба Афғонистон ва Покистон хабар доданд.
-
Sep 22, 2018
Тоҷикистон мизони содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояро афзоиш додааст.
-
Sep 11, 2018
Мақомоти ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон дар паи музокироте дар Тошканд дар заминаи ҳаракати қаторҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
-
Sep 09, 2018
Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз поёни бозсозии нахустин турбинаи неругоҳи барқӣ обии Сарбанд бар рӯи рӯдхонаи Вахш дар вилояти Хатлони ин кишвар дар моҳи октябри соли ҷорӣ, хабар дод.