Ҷустуҷу
-
Oct 28, 2020
Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Қирғизистон дар Душанбе равобити ду кишвар ва дурнамои ҳалли ихтилофоти марзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Oct 26, 2020
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақшаҳои суръат бахшидани музокироти марзӣ бо Тоҷикистон дастур додааст.
-
Oct 26, 2020
Дар пайи вуқӯи таниши марзии ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкорамон Халилӣ дар гузориши вижаи худ аз чашмандози дипломатия ва нақши он дар пешгирӣ аз ин гуна рӯйдодҳо ба ин мавзӯ пардохтааст.
-
Oct 26, 2020
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе тарафи Қирғизистонро ба тирпаронӣ дар марзи муштараки ду кишвар муттаҳам кард.
-
Oct 25, 2020
Рӯзи 25 октябр дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон тирандозӣ рух додааст, ки сокинони рустои Хоҷа Алии ноҳияи Исфара марзбонони қирғизро омили ин ҳодиса медонанд ва тарафи дигар, тоҷикҳоро ба лӯоакашӣ дар минтақаи ҳанӯз аломатгузорӣ нашудаи марз муттаҳам кардаанд.
-
Oct 15, 2020
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон имрӯз, панҷшанбе дар пайи нооромиҳои пас аз интихоботи порлумонии якшанбеи ҳафтаи гузашта, аз мақоми худ канорагирӣ кард.
-
Oct 14, 2020
Бо пешниҳоди нахуствазири Қирғизистон, порлумони ин кишвар Равшанбек Собиров раиси анҷумани тоҷикони Қирғизистон мавсум ба Рӯдакиро ба симмати муовини нахуствазири ин кишвар мансуб кард.
-
Oct 11, 2020
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон, ки дар таҳаввулоти ахири ин кишвар ва дар пайи ҳуҷуми муътаризон ба зиндон озод шуда буд, дубора боздошт шуд.
-
Oct 10, 2020
Парламенти Қирғизистон Садир Ҷапаровро ба нахуствазирии ин кишвар интихоб кард.
-
Oct 09, 2020
Раисони ҷумҳурии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ дар баёнияе муштарак аз ҳаводиси ахири Қирғизистон ибрози нигаронии ҷиддӣ карданд.
-
Oct 09, 2020
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон омодагии худро барои канорагирӣ аз қудрат эълом кардааст.
-
Oct 08, 2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамосҳои ҷудогона бо раисони Ҷумҳурии Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон охирин вазъияти Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Oct 08, 2020
Ҷаласаи пӯшидаи парлумони Қирғизистон оид ба баъзе таъиноти нав ба ҳукумати муваққатӣ ва импичмент ба раиси ҷумҳурӣ бидуни натиҷа ба поён расид.
-
Oct 07, 2020
Коршиносони сиёсии минтақа мӯътақиданд, ки таҳаввулоти ахир дар Қирғизистон, ки дар зоҳир аз эътироз ба натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар аст иллатҳои дигаре низ дорад, ки рақобати гурӯҳҳои қудратталаби шимол ва ҷануби ин кишвар ва манофеи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумлаи ин авомил аст.
-
Oct 07, 2020
Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон бо таъкид бар нақш ва ҷойгоҳи қонунии худ,барои музокира бо мӯътаризон эъломи омодагӣ кард.
-
Oct 07, 2020
Дар ҳоле ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то кунун ба ҳаводиси Қирғизистон вокуниш нишон надодаааст , коршиносони тоҷик ба арзёбии ҳаводиси ахири ин кишвар пардохтаанд
-
Oct 07, 2020
Парлумони Қирғизистон рӯзи сешанбе сиёсатмадори гурӯҳи мухолифонро ба унвони нахуствазири нави ин кишвар интихоб кард.
-
Oct 06, 2020
Муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, такрори тазоҳуроти ахир дар Қирғизистон дар робита бо натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
-
Oct 06, 2020
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон бо баргузории ҷаласаи вижа натоиҷи интихоботи порлумониро ботил эълом кард.
-
Oct 05, 2020
Эъломи натиҷаи аввалияи интихоботи порлумонии Қирғизистон дар байни баъзе аҳзоб норизоятӣ ба вуҷуд овардааст.