Ҷустуҷу
-
Jan 22, 2019
Барои фаъолияти Радиои “Озодӣ”-и Амрико дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 2017 – 2019, ки ҳазинаи онро Конгресси ин кишвар таъмин мекунад, дар маҷмӯъ, беш аз 25 миллион доллар буҷа дар назар гирифта шудааст.
-
Jan 22, 2019
Имом Ризо (а) дар бораи омили муҳими баракат яъне итоати Худованд мефармояд: Худованди мутаъол ба яке аз пайёмбарон ваҳй фиристод, ки ҳаргоҳ ман итоат шавам рози мегардам ва онгоҳ, ки ризоят доштам, баракат медиҳам ва баракати ман бепоён аст.
-
Jan 22, 2019
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз тавлиди се миллиону 843 ҳазор тонна семент дар ин кишвар дар соли 2018 хабар дод, ки рекорд ба ҳисоб меояд.
-
Jan 21, 2019
Коршиноси Донишгоҳи Дортмунд дар умури халъи силоҳ мегӯяд, дар сурати ҳамлаи ҳастаии Русия, Амрико қодир нахоҳад буд, аз худ дифоъ кунад.
-
Jan 21, 2019
Озмоиши ДНК-и кӯдакони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар Қазоқистон
-
Jan 21, 2019
Вазорати беҳдошти Яман бо судури баёнияе сукути Созмони Милал ва намояндаи он дар баробари ҷиноёти нерӯҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Санъоро маҳкум кард.
-
Jan 21, 2019
Вазорати беҳдошти Мексика аз расидани шумори қурбониёни инфиҷори хатти лӯлаи нафт дар ин кишвар, ба 85 кушта ва 66 захмӣ хабар дод.
-
Jan 21, 2019
Додгоҳи олии Покистон дар хусуси раванди рӯ ба афзоиши ҷамъият дар ин кишвар ҳушдор дод.
-
Jan 21, 2019
Сухангӯи ширкати IRS, ки масъулияти ироаи хадамот дар роҳи Душанбе – Хуҷандро бар ӯҳда дорад, аз қатъи ҳаракати нақлиёт миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон хабар дод.
-
Jan 21, 2019
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд.
-
Jan 20, 2019
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Эрон танҳо кишвари мустақили ҷаҳон дар байни кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва калиди тиллоии минтақа аст.
-
Jan 20, 2019
Вазорати беҳдошти Яман бо судури баёнияе сукути Созмони милал ва намояндаи он дар баробари ҷиноёти нерӯҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Санъоро маҳкум кард.
-
Jan 20, 2019
Инфиҷор дар як автобуси мусофирбарӣ дар шаҳри Африни устони Ҳалаб, шимоли Сурия, ба кушта шудани се тан ва захмӣ шудани 10 тани дигар мунҷар шуд.
-
Jan 20, 2019
Масазу Нунака, пирамарди 113 солаи аҳли Ҷопон, ки исми ӯ соли гузашта ба унвони пиртарин марди ҷаҳон дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуда буд, имрӯз якшанбе дар хонааш дар Ҷопон фавт кард.
-
Jan 20, 2019
Бозсозии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қирғизистон дар нишасти мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шуд.
-
Jan 20, 2019
Вазорати дифои Туркия дар баёнияе аз ихроҷи беш аз 15 ҳазор нафар аз неруҳои артиши ин кишвар дар соли 2018 ба иллати иртибот бо гурӯҳи Гулен хабар дод.
-
Jan 19, 2019
Пас аз ҳодисаи инфиҷор ва тахриби манзили маскунии 10 табақа дар шаҳри Магнитогорск, манобеи созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин вилоят, аз боздошти густурдаи коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак аз сӯи нерӯҳои пулис хабар додаанд.
-
Jan 19, 2019
Як ширкати тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Туркия, ҳиндивона(тарбуз)-еро дар андозаи зайтун тавлид ва ба бозор арза кардааст.
-
Jan 19, 2019
Лизи Смарт, донишманди забоншинос китоберо мунташир карда, ки дорои роиҷтарин ҷумалоте аст, ки одамҳо дар остонаи марги худ ба забон меоваранд.