Ҷустуҷу
-
Aug 27, 2019
Пас аз буҳронҳои чанд моҳи ахири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки мунҷар ба барканории шумори зиёде аз масъулини он шуд мудири ин расона барои аввалин маротиба ба Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Aug 27, 2019
Мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таи 7 моҳи соли равон ба 2 миллиарду 499 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 33 миллион доллар бештар аст.
-
Aug 27, 2019
Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар тарҳи будҷети давлати ин кишвар барои соли 2020 ба манзури таъмини ҳазинаи молии баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ маблағи 80 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.
-
Aug 26, 2019
47 кишвари ҷаҳон таи 7 моҳи имсол ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона расондаанд.
-
Aug 25, 2019
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ки мизони равобити иқтисодии ду кишвар афзоиш меёбад.
-
Aug 25, 2019
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар паи ду низои ахир дар минтақаи марзии муштарак бо Қирғизистон тарафи қирғизиро ба идомаи сиёсати танишофаринӣ муттаҳам кард.
-
Aug 24, 2019
Бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон бозсозии нерӯгоҳи барқ обии Қайрокум оғоз шуд.
-
Aug 22, 2019
Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кардааст, бояд бонкҳо ва марказҳои молии хориҷӣ, ба вижа Русия, ки даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷикро ба кишварашон мунтақил мекунанд, маблағи 100 миллион доллар ба унвони амонат дар Бонки миллии Тоҷикистон супурдагузорӣ кунанд ва пас аз дарёфти ин маблағ Душанбе ба онон муҷаввизи интиқоли пули коргарони муҳоҷирро хоҳад дод.
-
Aug 21, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи кӯҳистонии Масчо боздид кард.
-
Aug 21, 2019
Низоми нави интиқоли пул ба Тоҷикистон бояд бо Русия ҳамоҳанг шавад.
-
Aug 21, 2019
Мақомоти Дания эълом карданд, мавзӯи мамнӯияти воридоти мева ва сабзиҷот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро матраҳ хоҳанд кард.
-
Aug 20, 2019
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз афзоиши қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод.
-
Aug 17, 2019
Корхонаи алюминии Тоҷикистон ба ширкати саҳомии ом табдил мешавад.
-
Aug 17, 2019
Камисиюни Аврупо аз кумаки 55 миллион евра барои рӯшди минтақаҳои рӯстоии Тоҷикистон хабар дод.
-
Aug 15, 2019
Додгоҳи олии Тоҷикистон сарҳанги дуввум Муҳаммадҷон Улуғхоҷаеви 36 сола Сухангӯи пешини нерӯи марзбонии вобаста ба кумитаи давлатии Амнияти миллии ин кишварро ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
-
Aug 15, 2019
Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия «ТИКА» бинои як маркази дармонӣ дар ноҳияи Рудакии Тоҷикистонро бозсозӣ кард.
-
Aug 15, 2019
Тайи ҳафт моҳи имсол 272 ҳазор тон сузишворӣ ба арзиши молии 113 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.
-
Aug 15, 2019
Ҳайате аз вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба раёсати Шоҳрух Саидзода, раиси бахши мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи ин вазоратхона, барои интиқоли Хуҷа Каримов, яке аз фармондеҳони собиқи неруҳои ҳукумати феълӣ дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар ба Дубай сафар кард.