Ҷустуҷу
-
Nov 25, 2017
Маркази пажуҳишии масоили муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва ширкати ADELPHI-и Швейтсария аз мақомҳои Тоҷикистону Узбакистон дархост карданд, барои ҳалли ихтилоф бар сари такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, ба тавофуқ барисанд.
-
Nov 23, 2017
Бо фароҳам шудани заминаи муносиби минтақаӣ,ҷаҳонӣ ва барномарезиҳои давлати Тоҷикистон баназар мерасад, раванди сохти проекти обӣ барқии “Роғун” дар Тоҷикистон суръат бигирад.
-
Nov 21, 2017
Бонки рушди Авруосиё таъкид кардааст, ки Тоҷикистон акнун бо ҷазби манобеи молии ҷадид метавонад ду турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро дар соли 2018 ба баҳрабардорӣ расонад.
-
Oct 31, 2017
Амалиёти омодасозии маҳалли сохти реактори воҳиди дувуми нерӯгоҳи атомии Бушаҳр, ҷануби Эрон бо ҳузури мақомҳои эронию рус оғоз шуд.
-
Oct 14, 2017
Муовини мудири як ширкати чинӣ аз баррасии мавзӯи ирсоли турбинҳо барои се нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
-
Sep 23, 2017
Бо вуҷуди таъкиди раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар мавриди азми ҷиддии ин кишвар барои густариши равобит бо 4 кишвари ҳамсояи Тошканд дар Осиёи Марказӣ ва хушбинии мақомоти Душанбе дар ин замина, ҳанӯз ҳам ихтилофоти марзии ин ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон бар сари садди нерӯгоҳи Фарҳод дар вилояти Суғд ҳал нашуда боқӣ мемонад.
-
Sep 21, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон муддати фаъолияти ширкати хадамоти муҳандисии эронии “Умрон Морун”-ро дар тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи обии Роғун то моҳи апрели соли 2019 тамдид кард.
-
Sep 20, 2017
Қарордоди сохти бузургтарин нерӯгоҳи хуршедӣ дар Эрон ва шашумин дар ҷаҳон, рӯзи чаҳоршанбе дар Лондон имзо шуд.
-
Sep 19, 2017
Мудири дафтари намояндагии ширкати олмонии “Сименс” дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мушорикат дар сохти нерӯгоҳи обии Роғун дар Тоҷикистонро хостор шуд.
-
Sep 18, 2017
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон аз фурӯши муваффақиятомези саҳмияҳои молии нерӯгоҳи обии Роғун дар кишварҳои хориҷӣ барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон хабар доданд.
-
Sep 18, 2017
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши муваффақиятомези саҳмияҳои молии неругоҳи дар дасти сохти Роғун, дар хориҷ аз ин кишвар хабар доданд.
-
Aug 02, 2017
Раиси ширкати Барқи Тоҷик гуфт, Тоҷикистон бо Эрон дар мавриди пардохти маблағи нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 2 мушкиле надорад.
-
Aug 01, 2017
Мудирияти нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1, ки 75 дарсади саҳҳоми он мутааллиқ ба Русия аст, эълом кардааст, ки 97 дар сади коркунони ин марказ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
-
Jul 29, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо фурӯши авроқи баҳодор дар бозорҳои молии байналмилалӣ қасд дорад, заминаи ҷазби сармоягузории хориҷӣ барои такмили сохти неругоҳи Роғунро фароҳам кунад.
-
Jul 11, 2017
Мушорикати Бонки ҷаҳонӣ дар тарҳи бозсози таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак дар дидори ҳайъате аз ин ниҳоди молии байналмилалӣ бо муовини вазири молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Jul 06, 2017
Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон эълом кард, кишвараш бо такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон мухолиф нест.
-
Jul 02, 2017
Шӯрои мудирони Бонки рушди АвруОсиё тарҳи кӯмаки молии 40 миллион долларии ин ниҳод барои бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистонро тасвиб кард.
-
Jun 22, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарори ҳукумати ин кишварро дар бораи арзаи авроқи баҳодор (коғазҳои қимматнок) ба муомилоти байналмилалӣ ба тасвиби расонд.
-
Jun 20, 2017
Намояндагони ширкати байналмилалии Moody’s Investors Service бо раванда сохтусози “НБО Роғун” ошно шуда аз корҳои анҷомдодашуда розӣ шуданд.
-
Jun 15, 2017
Марҳалаи муҳимми сохти садди неругоҳи барқи обии Роғун, рӯйи рӯдхонаи Вахш дар шарқи Тоҷикистон ба зуддӣ оғоз мешавад.