Ҷустуҷу
-
Dec 28, 2017
Муовини вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, молиёти дарёфтӣ аз роҳҳои ин кишвар дар тарҳҳои муҳим, аз ҷумла пардохти вомҳои аврупоӣ, ки барои сохти нерӯгоҳи барқӣ- обии “Роғун” гирифта шудааст, истифода хоҳад шуд.
-
Dec 28, 2017
Як ҷавони 28 солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тавассути созмони “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” бо ирсоли номае ба хонаводааш аз зинда будан ва нигаҳдориаш дар зиндоне дар Ироқ хабар дод.
-
Dec 27, 2017
Аҳолии адаби Тоҷикистон навадумини соли интишори маҷаллаи Иттиҳоди нависандагон “Садои шарқ”-ро гиромӣ доштанд.
-
Dec 27, 2017
Назар Аббос, аккоси покистонии муқими Ню-Йорк, ки қаблан дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида буд, бо сафар ба ин кишвар ва дидани шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ, маҷмӯаи аксе аз Тоҷикистон мунташир кардааст.
-
Dec 27, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз тақвияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон, наздик ба марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Dec 27, 2017
Маросими ба роҳи охират гусел кардани Холмурод Шарифов, вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон имрӯз (чаҳоршанбе) дар масҷиди маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ӯ рӯзи гузашта, 26-уми декабр дар синни 91-солагӣ даргузашт.
-
Dec 27, 2017
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳо дар шаҳри Воронежи Русия фаъолият мекунанд, чойхонаи миллии тоҷикиро ба номи “Роҳат” дар ин шаҳр ифтитоҳ карданд.
-
Dec 27, 2017
Иқтисодшиносони тоҷик дар бораи таъсири пешниҳоди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эъломи муофияти дусолаи бахши хусусӣ аз таҳқиқ ва тафаҳҳус (назорату санҷиш) ва таъсири ин иқдом дар иқтисоди кишвар, дидгоҳҳои мутафовитеро баён мекунанд.
-
Dec 27, 2017
Мудири як ширкати хусусӣ дар Қирғизистон, ки ҳамтоёни тоҷики худро барои ошноӣ бо шароити фаъолияти бахши хусусӣ ба кишвараш даъват карда буд, аз тааҷҷуби онон аз вусъат ва суръати рушди тиҷорати хурд хабар дод.
-
Dec 26, 2017
Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 26 солаи шаҳри Душанберо ба иттиҳоми таъсиси шохаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар кишвар ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
-
Dec 26, 2017
Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон молиёти баҳрабардорӣ аз роҳҳоро, ки қарор буд аз имсол дигар ситонда нашавад, ҳамчунон бар ҷой гузошт.
-
Dec 26, 2017
Дар Тоҷикистон, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё нест, 69 дарсад аз шаҳрвандон ба ин созмони иқтисодӣ этимод доранд.
-
Dec 26, 2017
Дабири собиқи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон бо тайиди афзоиши шибҳнизомиёни ДИИШ дар Афғонистон гуфт, Душанбе барои муқобила бо террористҳо омодагии комил дорад.
-
Dec 25, 2017
Ҳудуди 70 миллиард сомонӣ (7.9 миллиард доллар), барои иҷрои барномаи тавсеаи миёнмуддати Тоҷикистон ихтисос меёбад.
-
Dec 25, 2017
Кормандони Хадамоти давлатии гумруки вилояти Хатлон ҳангоми бозрасии мошини боркашонии як шаҳрванди Тоҷикистон, ки қасди интиқоли семент ба Афғонистонро дошт, муваффақ ба кашфи 66 зарфи 20-литрӣ шуд, ки ҳовии 1 ҳазору 400 килограмм шираи камол буд.
-
Dec 25, 2017
Ба далели рушд наёфтани хутути роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ҳоли ҳозир гаронтарин ҳазинаи интиқоли кантинерӣ дар ҷаҳон дар ин минтақа ва бавижа дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
-
Dec 25, 2017
Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон хостори дарёфти молиёт аз ширкати “Google”, шудааст.
-
Dec 24, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумону мардуми кишвар нисбат ба вазъияти номатлуби бахши хусусӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Dec 24, 2017
Барномаи “25 сол бо шумо” шаби 23 декабр вижаи 25 солагии ин радио ба сурати зинда рӯи антенна рафт. Оқои Фарзодӣ, мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон бо ҳузур дар ин барнома зимни ироаи омор ва амалкарди ин радио дар 25 соли гузашта, ба саволоти мухотабон низ посух гуфт.