Ҷустуҷу
-
Май 08, 2017
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иқдом ба интишори номи 313 донишҷӯи донишгоҳҳои ин ҷумҳурӣ кардааст, ки мутахаллифони муқаррароти ронандагӣ мебошанд ва набояд пушти фармони мошин бинишинанд.
-
Май 08, 2017
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия пас аз 19 рӯз, номи ду шаҳрванди ин кишварро, ки тайи амалиёти кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия кушта шудаанд, эълом карданд.
-
Май 07, 2017
Сафири Англия дар Тоҷикистон гуфт, манозири зебои табиат ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ҳарчи бештар гардишгаронро ба худ ҷалб мекунад.
-
Май 07, 2017
Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки солҳои наздик замони оғози соли таҳсилии ҷадид, дар мактабҳо ва донишгоҳҳои ин кишвар тағйир нахоҳад кард.
-
Май 06, 2017
Бо коҳиши ҳамзамони мизони воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ, воридоти гази мойеъ ва фишурда ба ин кишвар ва газсӯз кардани худравҳо афзоиш меёбад.
-
Май 06, 2017
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар тавсеаи муносиботи дуҷониба таъкид кард.
-
Май 06, 2017
Коршиноси руси масоили минтақа муътақид аст, ки гурӯҳи Толибон марзҳои Тоҷикистонро дар вилояти Бадахшони ин кишвар таҳдид нахоҳад кард.
-
Май 06, 2017
Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) миёнгини мизони маошу дастмузди моҳонаи шаҳрвандони ҷумҳуриҳои қаламрави пасошӯравиро дар соли 2017 мунташир кард, ки Тоҷикистон дар пойинтарин радда қарор дорад.
-
Май 05, 2017
Саранҷом Русия фармони афви муҳоҷирини кории тоҷикро содир кард.
-
Май 05, 2017
Маркази зилзилагиронии Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, заминларзае бо бурзургии 5.9 дараҷа соати 10:09 дақиқаи субҳи имрӯз бахшҳое аз Тоҷикистонро ларзондааст.
-
Май 04, 2017
Бонки рушди Олмон ба бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон, 7 миллион евро кӯмак мекунад.
-
Май 04, 2017
Ба далели камбуди манобеи молӣ, раванди тармим ва бозсозии шаҳраки бостонии Сарзм дар шимоли Тоҷикистон, ки дар соли 2010 дар феҳристи ёдгориҳои ҷаҳони ЮНЕСКО сабт гардида буд, мутаваққиф шудааст.
-
Май 04, 2017
Фаслҳои баҳор ва тобистон ҳамасола бо мавзӯоти даъвати ҷавонони тоҷик ба артиш, эъзоми иҷбории ҷавонони ин кишвар ба хидмати сарбозӣ ва сохтори артиши Тоҷикистон ҳамроҳ аст.
-
Май 04, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва дастёри вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ дар дидоре дар Душанбе, равобити дуҷонибаву ҳамкории ин ду кишвар дар мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Май 04, 2017
Мақомоти ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба далели ташдиди даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва Толибон, барои тақвияти марзҳо тадобири амниятӣ рӯйи даст гирифтанд.
-
Май 03, 2017
Созмони хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, мақомҳои Душанбе аз мубориза бо терроризм, барои фишор бар матбуот сӯиистифода мекунанд.
-
Май 03, 2017
Расонаҳои интернетии фаъол дар сатҳи минтақаи Осиёи Миёна лаҳазоте қабл аз вуқӯи заминларзаи нисбатан қавӣ дар қаламрави кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар доданд.
-
Май 03, 2017
Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, яке аз иллатҳои умдаи касрии будҷаи давлати Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ илова бар омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ, коҳиши воридот ва пойин омадани қудрати хариди мардуми ин кишвар будааст.
-
Май 02, 2017
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Ҷопон ба тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар давраи раёсати Душанбе бар иҷлос ба гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон барои солҳои 2017- 2018 таъкид карданд.