Ҷустуҷу
-
Jul 04, 2017
Даври панҷуми музокироти Сурия бо ширкати ҳайатҳои Эрон, Русия, Туркия, намояндагони Ҳукумати Сурия ва мухолифони мусаллаҳ дар Остона рӯзи сешанбе оғоз шуд.
-
Jul 04, 2017
Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи EXPO-2017 дар шаҳри Остона (Қазоқистон) дар қатори павилйонҳои 110 давлатҳои олам, мавқеи шоистаро ишғол карда, павилйони комилан ҷавобгӯ ба мавзӯи EXPO-2017 — «Энергияи оянда» эътироф шудааст.
-
Jul 04, 2017
Раисҷумҳури Қирғизистон, ки то поёни даврони масъулияташ дар ин симмат чанд моҳе бештар боқӣ намондааст, бори дигар бар зарурати эҷоди пойгоҳи ҷадиди низомии Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар водии Фарғона таъкид кард.
-
Jul 04, 2017
Аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирии ширкати русии Ямал ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон, ки қарор буд, аз аввали моҳи июл анҷом шавад, ба нимаи дуввуми моҳи сентябр мавкул шудааст.
-
Jul 03, 2017
Дар нуҳумин Иҷлоси Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ дар шаҳри Машҳад дар бораи вазифаи муҳими расонаҳои ҷаҳони ислом дар заминаи ифшои барномарезии гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ ва муқобила бо тавтеаҳои душманони ислом баҳсу табодули назар шуд.
-
Jul 03, 2017
Вазири умури хориҷаи Қазоқистон аз ҳузури мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия дар панҷумин даври музокироти сулҳи сурӣ дар Остона хабар дод.
-
Jul 03, 2017
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ, ниёзманди барномарезӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
-
Jul 03, 2017
Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар солгарди иқдоми ноҷавонмардона ва зидди инсонии Амрико дар сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирии Эрон, дар сеюми июли 1988 гуфт, Амрико бояд посухгӯи рафторҳои зидди башарии худ бошад.
-
Jul 03, 2017
Шомгоҳи дуввуми июл дар бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон - Корвон оташсӯзӣ рух дод.
-
Jul 03, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон бо интишори ҳукме теъдоде аз машоғилро аз пардохти молиёт муоф кард.
-
Jul 02, 2017
Раиси Иттиҳодияи радио ва телевизиони Ироқ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон нақше калидӣ дар мубориза бо истикбор, ҷарёнҳои такфирӣ ва терроризми диишӣ ифо мекунад.
-
Jul 02, 2017
Тибқи тасвиби як қонун дар Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон ба имзо расидааст, ба манзури тасҳил дар кори тавлидкунандагон, соҳибкорон ва корофаринон дар Тоҷикистон 4 ниҳоди назоратии давлатӣ мунҳал шуда ва ба ҷои онҳо, танҳо як дастгоҳи назоратӣ таъсис шудааст.
-
Jul 02, 2017
Раиси Маҷлиси аълои исломии Ироқ гуфт: Ҳеҷ нуқтаи амне дар минтақа барои террористҳои ДИИШ вуҷуд надорад ва сарзаминҳои ишғолшуда тавассути размандагони ислом пас гирифта шудааст.
-
Jul 02, 2017
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Тавони бумии мушакии Эрон мутобиқ бо ниёзи худ барои эҷоди қудрати боздорандагӣ буда ва дар арсаи афзоиши диққат, бурд ва қудрат дар ҳоли тавсеа аст.
-
Jul 02, 2017
Нуҳумин Иҷлоси иттиҳодияи радио телевизионҳои исломӣ, имрӯз (якшанбе) дар толори Сабои Садо ва симои устони Хуросони Разавӣ дар шаҳри Машҳад расман оғоз шуд.
-
Jul 02, 2017
Ҳафтумин Бозори филми исломӣ асри шанбе бо ҳузури 137 муассиса ва шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои исломӣ дар шаҳр Машҳад кушоиш ёфт.
-
Jul 01, 2017
Бо идомаи ҳамалоти мутаҷовизони Саудӣ ба шаҳрҳо, марокизи дармонӣ ва омӯзишӣ дар Яман, шумори зиёде аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ, барномаи иттилоърасонии «муқобила бо ҷиноёти Саудӣ дар Яман» -ро дар шабакаи Твиттер роҳандозӣ карданд.
-
Jul 01, 2017
Намояндаи муқими Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эронро кишваре роҳбар дар заминаи муқобила бо гарду ғубор донист ва тасреҳ кард, Эрон иқдомоти зиёде барои муқобила бо ин падида анҷом додааст.
-
Jul 01, 2017
Вазорати дифои Қазоқистон эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар миёни кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд, болотарин ҳуқуқ ва дастмуздро дарёфт мекунанд.