Ҷустуҷу
-
Aug 26, 2017
Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар қисми нерӯи марзбонии Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, бо кушта шудани омили ин иқдом ва захмӣ шудани гаравгон ба поён расид.
-
Aug 26, 2017
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи наздикони духтари 8 -солаи тоҷике ба номи Марям аст, ки дар яке аз парваришгоҳҳои Бағдод аз сӯйи гузоришгарони шабакаи телевизионии “Раша Тудей” шиносоӣ шудааст.
-
Aug 25, 2017
Бар асари инфиҷори террористии зуҳри имрӯз дар масҷиде дар минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 4 тан шаҳид шуд.
-
Aug 24, 2017
Дабири кулли Маҷлиси Ваҳдати Муслимини Покистон гуфт, Вашингтон дар ҳоли фаъол кардани гурӯҳи террористии ДИИШ дар Покистон аст.
-
Aug 23, 2017
Манобеи хабарӣ аз ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба як минтақаи маскунӣ дар устони Санъо ва кушта шудани дастикам 30 шаҳрванди яманӣ хабар доданд.
-
Aug 21, 2017
Бо вуҷуди эъломи мақомоти Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи ҳалли мавзуи дарёфти нафақи бознишастагӣ барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия дар соли 2018, Маскав ин хушбиниро рад кардааст.
-
Aug 19, 2017
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки ташдиди буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2016 реша дар соли 2013 ва коҳиш даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия дорад.
-
Aug 18, 2017
Падару модари шаҳид Камол Курсал, аз шаҳидони фаронсавии дифои муқаддас (ҷанги Эрону Ироқ) пас аз гузашти 30 сол аз шаҳодати фарзандашон дар мазори ӯ дар Қум, ҷануби Теҳрон ҳозир шуданд.
-
Aug 16, 2017
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки кормандони ширкатҳои бахши кишоварзӣ, парвариши моҳӣ ва муҳитбонӣ (ҷангалбонӣ) камтарин дастмузди моҳонаро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд.
-
Aug 13, 2017
Ҳодисаи ваҳшатноки Мирзоваланг дар вилояти Сари Пули Афғонистон, ки ба қатли оми мардуми бегуноҳи ин минтақа мунҷар шуд, вокуниши бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳонро барангехт.
-
Aug 13, 2017
Муовини аввали раиси Оҷонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, аз кашфу забти маводи мухаддир дар шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл хабар дод.
-
Aug 12, 2017
Муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашд-уш-Шаъби) аз фуруди ҷангандаҳои амрикоӣ дар манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.
-
Aug 10, 2017
Муовини аввали раиси раиси Шӯрои муфтиёти Русия муътақид аст, ки иллати асосии ситез бо ҳиҷоби исломии бонувон дар Тоҷикистон тарси мақомоти ҳукуматӣ аз хатари намодҳои исломӣ барои низоми лоик аст.
-
Aug 09, 2017
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тасмим гирифтаанд, ки дар идомаи такмили қонуни танзими маросим дар Тоҷикистон аз додани таом дар маросими чиҳилу соли афроди фавтшуда худдорӣ кунанд.
-
Aug 09, 2017
Рӯзномаи англисии “Файнешнл Таймс” навишт, асноди Вазорати хориҷаи Амрико, ки ба тозагӣ аз ҳолати маҳрамона хориҷ шудааст, нақши Англияро дар кудато зидди давлати Мусаддиқ дар 28-уми мурдоди соли 1332 (1953) мавриди таъкид қарор медиҳад.
-
Aug 06, 2017
Рӯзномаи Индепендент аз сукути нахуствазири Британия дар қиболи тасмими режими Арабистон ба эъдоми 14 ҷавони мухолиф интиқод кард.
-
Aug 02, 2017
Ҳамлаи маргталабона ба намозгузорони як масҷид дар шаҳри Ҳирот (ғарби Афғонистон) камаш 30 шаҳид барҷой гузошт.
-
Aug 01, 2017
Бар асари тирандозӣ дар сохтмони додгоҳе дар Маскав чаҳор муттаҳами дар ҳоли муҳокима кушта шуданд.
-
Aug 01, 2017
Бо ибтикори Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд (ISSR) дар Донишгоҳи Панҷоб, воқеъ дар шаҳри Чандигарҳи кишвари Ҳиндустон Ҳамоиши байналмилалии «Мирзо Бедил ва мероси ӯ» доир гардид.
-
Jul 31, 2017
Чин бо ворид кардани сармояи беш аз 76 миллион долларӣ дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар садри феҳристи панҷгонаи сармоягузорони ин кишвар қарор гирифт.