Ҷустуҷу
-
Oct 31, 2022
Рима бинт Бандар Оли Саъуд сафири Арабистони Саъудӣ дар Амрико дар гуфтугӯ бо Си Ен Ен эълом карда буд, ислоҳот дар Арабистон воқеъи аст ва ин кишвар дар тули панҷ соли гузашта иқдомоте анҷом дода, ки дар 80 соли гузашта накарда буд. Созмони аврупоӣ- Саъуди ҳуқуқи башар дар вокуниш ба ин изҳорот, ислоҳоти валиаҳди Саъудиро дуруғин ва ҷаълӣ тавсиф кард.
-
Oct 31, 2022
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд. Таҳия кунанда ва гӯянда: Нушин Муҷоб
-
Oct 30, 2022
Ҳафтаи фарҳангии Эрон аз 9 то 15 обонмоҳ бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
-
Oct 30, 2022
Шаҳракнишинони саҳюнист дар шаҳри Ал-Халил воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ ба самти манзилҳои маскунии шаҳрвандони фаластинӣ тирандозӣ карданд.
-
Oct 30, 2022
Нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ бо имзои 13 санади ҳамкорӣ дар пойтахти Қазоқистон ба поён расид .
-
Oct 30, 2022
Раиси маркази мутолеъоти стратежикии Тоҷикистон ва сафири Чин бо якдигар дидор карданд.
-
Oct 30, 2022
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал аз шурои амнияти Созмони Миллал интиқод ва таъкид кард: Руйкарди кунуни ва беамали шурои амнияти Созмони Миллал танҳо ташвиқ ва ташҷиъи режими саҳюнистӣ дар мавзуъи Фаластин мешавад.
-
Oct 29, 2022
Нахуствазири Қирғизистон бо раёсати ҳайати тиҷории Қирғизистон ва Амрико дар Бишкек дидор ва дар мавриди тақвияти равобити тиҷорӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ кард.
-
Oct 29, 2022
Узви Маҷлиси намояндагони Амрико бо ишора ба масъалаи даҳшати раъйдиҳандагон дар остонаи интихоботи миёндавраӣ гуфт, Иёлоти муттаҳида бо муҳите аз фашизм рӯбарӯ аст.
-
Oct 29, 2022
Сокинони минтақаи Карона дар Баҳрайн тазоҳуротеро дар маҳкумияти интихоботи намоишӣ дар ин кишвар баргузор карданд
-
Oct 29, 2022
Ортин-кӯдаки 6 сола аз рӯзи чаҳоршанбе, ки он узви ДИИШ хонаводаашро ба шаҳодат расонд, танҳо шуд то ривоятгари мазлӯмияти худаш ва тамоми шуҳадои ҳамлаи террористӣ бошад .
-
Oct 29, 2022
Мардуми саросари Эрони исломӣ рӯзи ҷумъа дар маҳкумияти ҳодисаи террористӣ дар Шероз роҳпаймоӣ карданд .
-
Oct 29, 2022
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар дидори раиси Шӯрои Аврупо дар шаҳри Остона гуфт : Иттиҳодияи Аврупо ҷойгоҳи хосе дар сиёсати хориҷии ин кишвар дорад .
-
Oct 29, 2022
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 3 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод .
-
Oct 29, 2022
Манбаи огоҳи амниятӣ овозаҳои мунташиршуда перомуни вуқуъи даргирии миёни неруҳои эронӣ ва афғонистониро рад кард .
-
Oct 28, 2022
Ба гузориши хабаргузории «Форс», дар чорчӯби нишасти руасои байнулмаҷолиси кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон, Нурланбек Шакиев, раиси маҷлиси Қирғизистон ва Танзила Норбоева, ҳамтои ӯзбакистонияш дар мавриди мавзӯоти муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаву таомулоти байнипорлумонӣ гуфтугӯ карданд.
-
Oct 28, 2022
Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ дар Қатъномаи поёнии маҳкумияти ҳодисаи террористии Шоҳчароғ (а) эълом кард: Мо муттаҳами аслии ин ҷиноятҳоро ҳукумати мустакбир ва рӯ ба заволи Амрико ва режими манҳуси саҳюнистӣ ва ҳуккоми дастнишондаи минтақаии истикбор (мусалласи ибрӣ - арабӣ - ғарбӣ) медонем.
-
Oct 27, 2022
26 октиябр маросими рузҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бошқордистони шаҳри шаҳри Уфаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
-
Oct 27, 2022
Раиси Ҷумҳурии Эрон дар паёме бо таслияти шаҳодату захмӣ шудани ҷамъе аз зоирони ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мусо ( ъ ) навишт : Дастгоҳҳои амниятӣ ва интизомӣ бо шиносоии ақабаҳои ин ҷинояти кӯр, ба омирону тарроҳони он посухи пушаймонкунандаву ибратомӯзе хоҳанд дод .
-
Oct 26, 2022
Панҷовучаҳорумин нишасти маҷмаъи байни парлумонии ҷомеъаи ҳамсуд аз 27 ва 28 октиябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад.