Ҷустуҷу
-
Nov 01, 2020
Як бабр ва як хирс дар боғи ваҳше дар Русия пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро пешбинӣ карданд.
-
Nov 01, 2020
Садҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон ки мебоист бо парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Душанбе мунтақил мешуданд ба далели лағви ин парвоз саргардон мондаанд.
-
Nov 01, 2020
Мадрасаи қадимӣ, ки бинои таърихӣ дар шаҳри Шанхайи чин ба шумор меравад бо равиши бисёр аҷиб ва бидуни ҳеч гуна осибе ба макони дигаре мунтақил шуд.
-
Oct 31, 2020
Бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди Ковид-19 теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор фаротар рафт.
-
Oct 31, 2020
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: бо тасвиби ситоди миллии мубориза бо корона ба муддати 10 рӯз маҳдудиятҳои ҷадид дар марказҳои 25 остон ва 46 шаҳристон иҷро хоҳад шуд.
-
Oct 31, 2020
Ба муносибати таваллуди сардори Валлаби Пател (Vallabhbhai Patel), аз бунёнгузорони кишвари Ҳинд маросими режае бо ҳузури занони артиши ин кишвар баргузор шуд.
-
Oct 31, 2020
Созмони FBR ва Ожонси амнияти сойберӣ ва ҳифозат аз зерсохти вазорати амнияти дохилии Амрико муддаӣ шуданд, ки ҳакерҳои эронӣ тавонистаанд иттилооти сабти номи раъйдиҳандагонро ҳаддиақал дар як иёлати ин кишвар ба даст оваранд.
-
Oct 31, 2020
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иллати аслии афзоиши қиммати маводи ғизоӣ дар ин кишварро нокофӣ будани тавлиди дохилӣ ва афзоиши қиммати воридот донист.
-
Oct 31, 2020
Садҳо нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон бо таҷаммӯъ муқобили сарконсулгарии Амрико дар Алмаато, хашми худро аз намоиши филми зидди нажоди қазоқ эълом карданд.
-
Oct 30, 2020
Ҳамкорамон Некварз гузидае аз муҳимтарин матолиби расонаҳои Тоҷикистонро гузориш кардааст.
-
Oct 30, 2020
Ду зилзила ба бузургии 6. 6 ва 5. 1 риштерӣ рӯзи ҷумъа дар вилояти Измири Туркия рух дод, ки то кунун 12 куштаву 419 захмӣ дошта ва муҷиби сунамӣ низ шудааст.
-
Oct 30, 2020
38 бемори дигари Ковид -19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир шиносоӣ шуд.
-
Oct 30, 2020
Қарзи молиётӣ ё андози марказҳои саноатӣ ва хадамотӣ дар Тоҷикистон тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиард сомонӣ (муодили 96 миллиону 600 ҳазор доллар) расид, ки аз оғози имсол 440 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
-
Oct 30, 2020
Додгоҳе дар Амрико, валиаҳди Арабистонро дар робита бо парвандаи шикояти раиси пешини дастгоҳи иттилооти саудӣ эҳзор кард.
-
Oct 30, 2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии худ аз шаҳрвандоне, ки ба ӯ раъй дода буданд, қадрдонӣ кард.
-
Oct 30, 2020
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар Ереван бар зарурати барқарории оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ таъкид кард.
-
Oct 29, 2020
Дабири кулли Иттиҳоди уламои муқовимат Ҷумҳурии Исломии Эронро ягона кишвари устувор дар масъалаи Фаластин номид ва гуфт: "Имрӯз Эрон намегузорад, ки режими саҳюнистӣ ҷиноятҳои худро озодона анҷом диҳад."
-
Oct 29, 2020
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ҳашт ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 399 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
-
Oct 29, 2020
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паи изҳороти тавҳиномези раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи пайёмбари аъзам ( с) паёме хитоб ба ҷавонони ин кишвар содир карданд.
-
Oct 29, 2020
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 330 ҳазор тонна аз заминҳои зироатии ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 78. 2 дарсад аз барномаи имсоли бардошти ин маҳсул аст.