Ҷустуҷу
-
Jan 20, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин аз санади дифои мушакии Амрико, ки дар он Чин ба унвони як таҳдид дар назар гирифта шуда буд, интиқод кард.
-
Jan 02, 2019
Артиши Чин сомонаи дифои мушакии “С – 400” – и Русияро бо муваффақият озмоиш кард.
-
Dec 02, 2018
Сухангӯи вазорати умури хорҷаи Эрон гуфт: Ҳеҷ қатъномае дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид барномаи мушакӣ ва ё озмоишҳои мушакии Эронро мамнуъ накардааст.
-
Nov 13, 2018
Гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар вокуниш ба ҳамалоти ҷангандаҳои исроилӣ беш аз 400 мушак ва рокет ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар манотиқи марзии наздик ба Ғазза шиллик карданд.
-
Oct 08, 2018
Юзи Робин, раиси собиқи Созмони мушакии режими саҳюнистӣ ва мулаққаб ба падари санъати мушакии Исроил, дар бораи тавони муҳандисони эронӣ дар сохти мушак гуфтааст, ба эҳтироми тавони мушакии Эрон, кулоҳ аз сар бар медорам!
-
Oct 02, 2018
Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Дастикам 40 тан аз сарони ДИИШ дар амалиёти мушакии сипоҳ ба маҳалли истиқрори террористҳои ДИИШ дар шарқи Фурот дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.
-
Oct 01, 2018
Дар посух ба ҷинояти террористии шанбеи гузашта дар шаҳри Аҳвоз дар ҷануби ғарби Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, қароргоҳи саркардагони ин ҷиноятро бо чанд мушак ҳадаф қарор дод.
-
Sep 30, 2018
Шабакаи телевизионии ямании ал-Масира, аз ҳамлаи мушакии ҷунбиши Ансорулллоҳи Яман ба фурудгоҳи байналмилалии Дубай хабар дод.
-
Jul 15, 2018
Манобеи яманӣ аз шиллики мушаки баллистикии кӯтоҳбурди ин кишвар ба мақарри Горди миллии Арабистон дар Наҷрон ва аз дақиқан ба ҳадаф расидани он хабар доданд. Ҳафтаи гузашта ҳам артиши Яман чандин мушак ба мавозеи нерӯҳои эътилофи Саудӣ дар соҳили ғарбии Яман ва манотиқе дар Ҷайзону Наҷрон, ҷануби Арабистон шиллик кардааст.
-
Jul 03, 2018
Имрӯз, дувоздаҳуми тири соли 1397-и хуршедӣ, баробар бо сеюми июли соли 2018-и милодӣ солрӯзи ҳамлаи мушакии кишти амрикоии “Винсеннес” ба ҳавопаймои мусофирабари “Эйробус”-и Эрон аст, ки аз Бандар Аббос ба мақсади Дубай дар ҳоли парвоз буд.
-
Jun 13, 2018
Туркӣ Алмоликӣ, сухангуи эътилофи саудии зидди Яман эълом кард, ки токунун 149 фарванд мушак аз Яман ба сӯи Арабистон шиллик шудааст.
-
Май 29, 2018
Дар паи ҳамлаи мушакии густардаи нерӯҳои муқовимат ба сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин, нахуствазири режими саҳюнистӣ хостори ташкили нишасти изтирории кобинаи амниятӣ шуд.
-
Apr 25, 2018
Мақомҳои давлати Русия ба режими саҳюнистӣ дар бораи паёмадҳои талош барои ҳамла ба сомонаи мушакии “S-300”-и Сурия ҳушдор доданд.
-
Apr 14, 2018
Вазорати дифои Русия эълом кард, падофанди ҳавоии артиши Сурия, бештари мушакҳои эътилофи ғарбиро, мунҳадим ва аз бархурди онҳо ба аҳдофи мавриди назари муҳоҷимон, ҷилавгирӣ кард.
-
Apr 11, 2018
Ягони мушакии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аз иҷрои амалиёти мушакии густарда ба манотиқи мухталифи Арабистон хабар дод.
-
Mar 03, 2018
Фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё (с)-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сомонаи мушакии “Бовар- 373” бо ҳимояти донишмандони ҷавони эронӣ сохта ва омода шудааст.
-
Feb 07, 2018
Дар пайи ҳамлаи мушакии Исроил ба хоки Сурия, артиши Сурия бо судури баёнияе бо таъкид бар омодагии нерӯҳои мусаллаҳи сурӣ барои дифоъ аз кишвар эълом кард, сомонаи дифои мушакии артиши Сурия бо ин ҳамла муқобила кардааст.
-
Jan 09, 2018
Фармондеҳи кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия аз посухи падофанди ҳавоии ин кишвар ба ҳамлаи мушакии саҳаргоҳи имрӯзи режими Исроил ба устони Риф Димишқ дар ҷануби Сурия хабар дод.
-
Nov 24, 2017
Русия як мушаки ҷадиди вижаи сомонаи падофанди мушакиро озмоиш карда, ки қодир аст, аҳдофро то панҷ километр мавриди исобат қарор диҳад.
-
Oct 07, 2017
Вазорати хориҷаи Амрико фурӯши сомонаи мушакии «Тодд»-ро ба Арабистони Саудӣ таъйид кард.