Ҷустуҷу
-
Май 03, 2021
Коршиноси масойили сиёсии Тоҷикистон муътақидаст, ки расонаҳои хабарии Қирғизистон дар ҳоли муаррифии тарафи дигар ба унвони оғозгари даргириҳо ва гунаҳкори ин ҳодиса ҳастанд .
-
Май 03, 2021
Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон дар изҳороти ҷадиде дидгоҳи худро дар бораи даргирии ахири марзӣ бо Тоҷикистон иброз кард .
-
Май 02, 2021
Яке аз далоили асосии даргириҳои марзӣ миёни тоҷикистон ва Қирғизистон ин буд. ки ин даргириҳо натанҳо дар як минтақаи марзӣ, балки дар нуқоти дигар марзе ҳам мушоҳида шуд.
-
Май 02, 2021
Вазири умури хориҷаи Русия бо ҳамтои қирғизи ҳуд дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона дар марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон гуфтугӯ кард.
-
Май 02, 2021
Коршиносони қирғиз мӯътақиданд, ки муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба манфиати ҳеҷ кишваре нест ва танҳо онҳое, ки онро таҳрик медиҳанд, метавонанд дар ин оби гилолуд моҳӣ бигиранд.
-
Май 02, 2021
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳамтояш аз Тоҷикистон масоили марзиро баррасӣ намуд.
-
Май 02, 2021
Бо гузашти ду рӯз аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон авзоъро дар вилояти Ботканд ором тавсиф кард ва аз истиқрори 12 посгоҳи исту бозрасӣ дар рӯстоҳои марзии ин вилоят хабар дод.
-
Май 01, 2021
Дар ду дидори ҷудогона дар қаламрави ноҳияҳои Ботканд ва Лейлек мақомоти амниятӣ ва интизомии Қирғизистону Тоҷикистон мавзӯи аломатгузории марзи муштарак ва бозгардондани нерӯҳо ба маҳали истиқрори доими онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Май 01, 2021
Дар ҳоле ки даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон ба бурӯзи талафоти камсобиқа мунҷар шудааст, расонаҳои минтақа аз тавофуқи сарони Бишкек ва Душанбе барои барқарории сулҳ хабар додаанд .
-
Май 01, 2021
Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон пас аз тавофуқи оташбаси рӯзи гузашта, дубора имрӯз ноором шуд.
-
Май 01, 2021
Коршиноси низомии Русия нишонаҳои хоси дахолати Ғарбро дар низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баён кард.
-
Май 01, 2021
Президенти Қирғизистон барои марги қурбониёни низои марзӣ мотами дурӯза эълон кард.
-
Май 01, 2021
Бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистони тозатарин оморҳо аз афзоиши талафоти ин ҷанг хабар медиҳанд.
-
Apr 30, 2021
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо баррасии авзои марзии ду кишвар дар пайи даргирии ахир бар зарурати ҳалли ихтилофоти марзӣ аз роҳҳои сиёсӣ ва музокироти дуҷониба таъкид карданд.
-
Apr 30, 2021
Раиси Ҷумҳурии Русия омодагии худро барои миёнаравӣ дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом кард.
-
Apr 30, 2021
Созмони Милали Муттаҳид Ва Иттиҳодияи Аврупо бо ибрози нигаронӣ аз вуқӯъи даргирии марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тавофуқи оташбаси байни ду тараф истиқбол карданд.
-
Apr 30, 2021
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ибрози нигаронӣ аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, омодагиии кишварашро барои ҳамкорӣ дар пешбурди музокироти ду тараф ва пешниҳоди таҷрибаҳои ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар ин замина эълом кард.
-
Apr 30, 2021
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ рӯзи гузашта миёни ду кишвар, ки шумори зиёде кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт бар сари эъломи оташбас тавофуқ карданд.
-
Apr 29, 2021
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба рафтори ғайриқонӯнии марзбонони қирғиз дар қиболи ду кӯдаки тоҷик, сафири Қирғизистон дар Душанберо эҳзор кард.
-
Apr 29, 2021
Маркази матбуотии нерӯи марзбонии Тоҷикистон бо инт ишори баёнияе масъулони ноҳияи Ботканди Қирғизистонро ба ишғоли обанбор ва барангехтани шӯриш асри рӯзи чоршанбеи 28 апрел муттаҳам кард.