Ҷустуҷу
-
Feb 21, 2021
Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия, ки дастандаркори таъмини молии тарҳи тавлиди ваксинаи Спутник V аст барои ҳамкорӣ бо Амрико дар тавлиди муштараки ваксинаи корона эъломи омодагӣ кард.
-
Feb 20, 2021
Намояндаи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар иртиботи тасвирӣ бо вазири хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе хост, ки барои беҳбуди авзои ҳуқуқи башар ва озодиҳои маданӣ дар ин кишвар талош кунанд.
-
Feb 20, 2021
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки ҷашни Наврӯзи имсол дар ин кишвар бидуни исрофкорӣ баргузор шавад.
-
Feb 20, 2021
Муовини вазири молияи Тоҷикистон эълом кард, дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҳукумати ин кишвар барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 290 миллиондоллар ихтисос хоҳад ёфт.
-
Feb 19, 2021
Таҳлилгари масоили сиёсии Ироқ таъкид кард, нерӯҳои НАТО таҳти фармондеҳии Амрико қарор доранд ва ҳузури онон ба маънои идомаи ишғолгарии Амрико дар ин кишвар аст.
-
Feb 18, 2021
Раиси ҷумҳӯрии Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост гурӯҳи Толибонро таҳти фишор қарор диҳанд.
-
Feb 18, 2021
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: лағви таҳрим ва тавзеи одилонаи ваксина дар мубориза бо корона зарурӣ аст.
-
Feb 17, 2021
Гузаргоҳи марзӣ миёни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Узбекистон дар Водии Зарафшон барои рафту омади донишҷӯён аз имрӯз 17 феврал бозгушоӣ шуд.
-
Feb 17, 2021
Раиси Иттиҳоди уламои мусулмон дар Диёлаи Ироқ гуфт, ба тозагӣ маҳмулаҳои нави силоҳҳои тактирандозии пешрафтаи амрикоӣ ба дасти ДИИШ расидааст.
-
Feb 17, 2021
Якчанд тавсияҳо барои ҳифзи саломатӣ дар даврони солмандӣ: Фаъолияти ҷисмонӣ, риояи парҳези солим, таваҷҷӯҳ ба тарзи истеъмоли доруҳо, назорат ва мубориза бо бемориҳо
-
Feb 17, 2021
Раиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар бораи боздошти яке аз мудирони ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъолият мекунанд, бо иттиҳоми азхудкунӣ хабар дод.
-
Feb 17, 2021
Ҳокими вилояти Суғд эълом кард, ки шарти бозкушоии марзҳо бо Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳбуди авзои бемории Ковиди 19 дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.
-
Feb 16, 2021
Тоҷикистон корзори интихоботиро барои узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милал оғоз кард.
-
Feb 14, 2021
Мудири идораи тафтишотии додситонии вилояти Суғд аз талоши ин ниҳод барои озодии як сокини ноҳияи Исфара, ки ба дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шудааст, хабар дод.
-
Feb 14, 2021
Узви Шӯрои олии сиёсии Яман омодагии кишварашро барои таваққуфи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ дар сурати мутаваққиф шудани бомбаборони Яман аз сӯии эътилофи саъудӣ эълом кард.
-
Feb 13, 2021
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки то рӯзи 20 сентябр нақшаи буҷет барои соли 2022-ро таҳия ва пешниҳод кунад.
-
Feb 13, 2021
Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, ки аз Маскав бозгашта аст гуфт: “Русия танҳо пас аз эъзоми ҳайат ва баррасии авзоъи бемории Ковид 19 дар Тоҷикистон дар бораи оғози дубораи парвозҳои муназзам бо Тоҷикистон тасмимгирӣ мекунад”.
-
Feb 11, 2021
Яке аз мақомҳои аршади ширкати Твиттер эълом кард, ки ҳисоби корбарии раисҷумҳури собиқи Амрико дар ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳамеша баста шуд.
-
Feb 10, 2021
Раиси ҷумҳурии Туркия дар посух ба суханони раиси ҷумҳурии Фаронса, ки хоста буд нерӯҳои турк аз Либия хориҷ шаванд, барои ин кор шарт таъйин кард.
-
Feb 09, 2021
Вазъияти амниятии шаҳри Кобул ба шакле даромадааст, ки ҳар лаҳза мумкин аст дар ин шаҳр инфиҷоре рух диҳад.