Ҷустуҷу
-
Mar 17, 2018
Вазорати умури хориҷаи Русия аз ихроҷи 23 дипломати Бритониё дар пайи иқдоми ахири Лондон дар қиболи дипломатҳои рус, хабар дод.
-
Mar 17, 2018
Нируҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон размоиши низомии муштарак анҷом доданд.
-
Mar 17, 2018
Сафорати Русия дар Амрико, Вашингтонро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам кард.
-
Mar 17, 2018
Устоди Донишгоҳи давлатии Русия бо интишори як навори видеоии 8 дақиқаӣ таблиғоте бо унвони “Тоҷикон чӣ касоне ҳастанд?”, ба муаррифии фарҳангу забони тоҷикӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон пардохтааст.
-
Mar 16, 2018
Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия, се кишвари зомини оташбас дар Сурия имрӯз дар баёнияи поёнии иҷлоси Остона, пойтахти Қазоқистон бар идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони Сурия таъкид карданд.
-
Mar 15, 2018
Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба дархости Британия барои расидагӣ ба иддаои истифодаи Русия аз гази химиявӣ зидди ҷосуси қаблии рус дар Британия ташкил шуд, бидуни натиҷа поён ёфт.
-
Mar 15, 2018
Ҳукумати Русия бо ислоҳи банди 26-и Қонуни муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар, ба идораҳои амният ва интизомӣ барои ихроҷи муҳоҷирон ва мамнуъ кардани вуруди дубораи онон ихтиёроти васеъ бахшидааст.
-
Mar 14, 2018
Маскав ҳушдор дод, ихроҷи дипломатҳои рус аз Англия бо посухи мутақобили Русия рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
-
Mar 14, 2018
Вазорати нақлиёти Русия бо ибрози нигаронӣ аз тайид нашудани парвози яке аз ширкатҳои ҳавоии Русия ба самти Тоҷикистон мақомоти тоҷикро ба муқобила ба мисл таҳдид кард.
-
Mar 14, 2018
Сафорати Русия дар Лондон эълом кард, дархости дастрасии консулӣ ба духтари ҷосуси собиқи рустаборро ба мақомоти британияӣ хоҳад дод.
-
Mar 13, 2018
Шаш рӯз то баргузории ҳафтумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия боқӣ аст ва назарсанҷиҳо аз пирӯзии Владимир Путин ҳикоят дорад.
-
Mar 13, 2018
Дар ҳоле ки Англия ва Амрико Русияро ба нақш доштан дар заҳролуд кардани як ҷосуси дуҷониба ва духтари ӯ муттаҳам мекунанд, Маскав ин иддаоҳоро "намоиши сирк" мехонад.
-
Mar 13, 2018
Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе эълом кард, таҳримҳо алайҳи Русияро ба хотири пайвастани Қрим ба Русия ва ҳимоят аз мухолифони шарқи Украина 6 моҳи дигар тамдид кардааст. Ин таҳримҳо, ки шомили маҳдудиятҳои мусофиратӣ ва ҳисобҳои 150 шахс ва 38 ширкати русӣ мешавад, то 15 –уми сентябр тамдид шуд.
-
Mar 13, 2018
Дар ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ дар ҷануби Русия рустои Эрон вуҷуд дорад ва ба тозагӣ телевизиони Русия пас аз сафари сафири Эрон ба ин минтақа, гузорише аз ин русто таҳия кардааст.
-
Mar 12, 2018
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон имрӯз дар суҳбат бо хабаргузории «Азия-плюс» аз баргузории размоиши низомии муштараки неруҳои низомии тоҷик ва рус дар баъзе аз майдонҳои низомии ин кишвар хабар додааст.
-
Mar 12, 2018
Муовини вазири дифои Русия аз тавлиди анбӯҳи ҷадидтарин мушакҳои баллистики байни қораии «Сармат»-и ин кишвар хабар дод.
-
Mar 11, 2018
Русҳо, ки аз ибтидои фурӯпошии Шӯравии собиқ дар солҳои нахусти даҳаи 1990 милодӣ ба ин сӯ, ҳамвора бо мушкиле ба номи коҳиши ҷамъият рӯбарӯ буданд, барои муқобила бо ин мушкил, роҳкорҳои ташвиқӣ дар пеш гирифтаанд.
-
Mar 10, 2018
Ҷомеашиносони яке аз донишгоҳҳои Русия далилҳои аслии сафари ҷавонони тоҷик, қирғиз ва узбак ба Русияро, кумак ба хонавода ва пардохти ҳазинаҳои зиндагӣ, унвон карданд.
-
Mar 10, 2018
Русия чаҳор моҳвораи аврупоӣ аз Гвиана, дар заминҳои “Моварои биҳор” (он сӯйи об ё ноҳияи фародарёӣ)-и Фаронса ба фазо партоб кард.
-
Mar 08, 2018
Маркази пажӯҳишии Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия эълом кард, бештари ҷавонони тоҷик сабаби аслии сафар ба ин кишварро таъмини ниёзи молии хонаводаҳои худ медонанд.