Ҷустуҷу
-
Май 28, 2022
Раисиҷумҳури Русия эъмоли фишор бар Русия тавассути теъдоде аз кишварҳои ғайридустро, навъе таҷовуз ва таарруз ба кишвараш тавсиф кард.
-
Май 28, 2022
Николай Потрушев дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт: Амрико ва муттаҳидони он кишвар боиси эҷоди хисоратҳои қобили таваҷҷуҳе ба Афғонистон шудаанд ва бояд ҳазинаи бозсозии онро бар ӯҳда бигиранд.
-
Май 27, 2022
Сафирони Эрону Тоҷикистон дар Маскав дар бораи равобити Теҳрон ва Душанбе ва сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар дидору гуфтугӯ карданд.
-
Май 26, 2022
Вазорати дифоъи Амрико муддаъӣ интиқоли бахше аз нерӯҳои Русия аз Сурия ба Украина шуд.
-
Май 26, 2022
Мизони муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия дар моҳҳои январ то охири апрели соли ҷорӣ 50 дарсад рушд дошта аст.
-
Май 26, 2022
Вазири хориҷаи собиқи Амрико гуфт: Шикасти талошҳо барои аз саргирии музокироти Украина бо Русия оқибати дарозмуддати бад барои субот дар Аврупо хоҳад дошт.
-
Май 25, 2022
Вазоракти корҳои дохилаи Русия аз пазириши шаҳрвандии ин кишвар аз сӯи 33 ҳазор тоҷик дар се моҳи аввали соли ҷорӣ хабар дод, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2021 афзоиши беш аз 64 дарсадиро нишон медиҳад.
-
Май 24, 2022
Вазири тандурустии Тоҷикистон бо муъовини раиси вилояти Санкт-Петербург дидору гуфтугу кард.
-
Май 23, 2022
Вазири энергетикаи Русия аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки аз узвияти комили Маскав дар шӯрои ҳамоҳангии шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ ҳимоят кунанд.
-
Май 22, 2022
Корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи барномарезии Фарҳангистони улӯми Русия муътақидаст шумори коргарони муҳоҷири тоҷик дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт .
-
Май 21, 2022
Давлати Канада эълом кард илова бар таҳримҳои 14 шахсияти рус, тиҷорати колоҳои замонавиро низ ба Русия мамнуъ карда аст.
-
Май 19, 2022
Вазорати хориҷаи Русия аз увзоъи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Май 17, 2022
Сухангуи кохи Кремлин зимни ишора ба маҳмубияти Владимир Путин байни ақшори мухталифи ҷомеъа ва ҳимоятҳои онҳо аз раҳбарии вай эълом кард, ки Маскав дар амалиёти дар Украина муваффақ хоҳад шуд.
-
Май 17, 2022
Ҷузеп Бурел масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо рӯзи душанбе дар як конфронси матбуъотӣ пас аз нишасти вузарои Иттиҳодияи Аврупо дар Бруксел изҳор дошт, ки имкони дастёбӣ ба тавофуқ бар сари шашумин бастаи таҳрими алайҳи Русия вуҷӯд надорад ва мо дар мавриди такрими нафти Русия иттифоқи оро надорем.
-
Май 17, 2022
Ширкати ресторатнҳои занҷираии "McDonald's" эълом кард, мехоҳад ба далели даргирии низомии Маскав бо Киев пас аз 30 фаъолияти худ дар Русияро мутаваққиф кунад.
-
Май 16, 2022
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақсади ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар чорчуби як сафари корӣ вориди Маскав шуда аст, бо ҳамтои русии худ дидору гуфугӯ кард.
-
Май 16, 2022
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия сафар кард.
-
Май 16, 2022
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи кумаки молии 1 миллиону 100 ҳазордолларии ройгони Русияро тасвиб кард.
-
Май 15, 2022
Бар асоси фармони раиси ҷумҳури худхондаи Усетиёи Ҷанубӣ, сокинони ин минтақа рӯзи 17-уми июн, ба манзури илҳоқ ба Русия дар ҳамапурси ширкат хоҳанд кард.
-
Май 15, 2022
Вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ бар ҳамкории ҳамаҷониба барои муқобила бо таҳрими Русия таъкид кард .