Ҷустуҷу
-
Aug 24, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, ҷинояти ҷадиди ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, дар ҳадаф қарор додани занон ва кӯдакони овораи яманӣ дар шаҳри ал-Дурайҳимӣ дар устони ал Ҳудайдаи Яманро маҳкум кард.
-
Aug 23, 2018
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ҷунбиши Фатҳ, изҳороти Доналд Трампро мабнӣ бар инки Қудс аз мизи музокира канор гузошта шудааст, маҳкум карданд.
-
Aug 23, 2018
Як вакили порлумони Тоҷикистон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод кард ва гуфт, ин кор ба зиёни кисаи мардум аст. Ба қавли Олим Бобоев, вакили Маҷлиси Намояндагон ва вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, боло бурдани нархи симкортҳо "метавонад сатҳи истеъмолии мардумро коҳиш диҳад".
-
Aug 22, 2018
Вазорати дифои Русия аз бозпасгирии беш аз 96 дарсади хоки Сурия аз террористҳо хабар дод.
-
Aug 21, 2018
Сешанбеи 21 – уми август дар Тоҷикистон ва чаҳоршанбеи 22 – юми август (даҳуми зилҳаҷҷа) дар Эрон рӯзи иди саиди Қурбон аст.
-
Aug 20, 2018
Саҳифаи зиндониёни ақида дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: Мақомоти Саудӣ Шайх Солеҳ Оли Толиб, имомхатиби Масҷидулҳаромро ба далели эроди хутба дар бораи мункирот дастгир карданд.
-
Aug 20, 2018
Дар чорчӯби сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд, Бонки Cаноати Ӯзбакистон бо ихтисоси 10 миллион доллар қарз ба “Амонатбонк” - и Тоҷикистон мувофиқат кард.
-
Aug 19, 2018
Ҳизбуллоҳи Лубнон нахустин бор аз яке аз анвои мушакҳои истифодашудаи муқовимати исломӣ барои дифоъ аз ин кишвар таи солҳои гузашта рӯнамоӣ мекунад.
-
Aug 19, 2018
Миллипушони пумсаи Эрон ба 2 медали нуқраи бозиҳои осиёии Ҷакарта даст ёфтанд, то нахустин медалҳои корвони Эронро дар ин мусобиқот аз они худ кунанд.
-
Aug 19, 2018
Генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз проекти сохти саҳни ҳазрати Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) дар тарҳи тавсеаи ҳарами мутаҳҳари алавӣ дар шаҳри Наҷаф (Ироқ), боздид кард.
-
Aug 19, 2018
Намояндаи созмони байналмилалии Салиби Сурх эълом кардааст, ки дар яке аз урдугоҳҳои таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Ҳасакаи Сурия шаш зан ва 9 кӯдаки тоҷикистонӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд ба кишварашон баргарданд.
-
Aug 19, 2018
Муовини мудири нерӯгоҳи барқӣ обии Норак гуфтааст, ки бо бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба бузургтарин содиркунандаи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд.
-
Aug 19, 2018
Раисиҷумҳури Русия дар нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бар лузуми ҳифзи БАРҶОМ, таъкид кард.
-
Aug 19, 2018
Дар солрӯзи шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон, ҳидоят ва небераи бузургвори Расули Худо (с) ҳазрати имом Муҳаммад Боқир (а) ҷаҳони Ислом бавижаи Эрони исломӣ, якпорча сиёҳпӯш ва азодор аст.
-
Aug 18, 2018
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз 20 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия дархост кардаанд, бо бозгашт ба кишвари худ, дар бораи иртибот бо афроди гумонбар дар ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара тавзеҳ диҳанд.
-
Aug 18, 2018
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Aug 16, 2018
Бонки осиёии рушд эълом кард, агарчи иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои ахир рушд доштааст, аммо бо чолишҳое дар заминаи сармоягузорӣ ва рифоҳи умумӣ рӯ ба рӯ аст.
-
Aug 15, 2018
Дастикам 10 нафар бар асари инфиҷори бомб дар ғарби шаҳри Кобули пойтахти Афғонистон кушта шуданд.
-
Aug 15, 2018
Вазорати бозаргонии Чин аз Амрико ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ шикоят кард.
-
Aug 15, 2018
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бозбинии ҳукми 12 соли маҳкумияти Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон (КВН - Тоҷикистон) - ро ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ва сохтакории аснод дар таърихи 15 – уми август оғоз хоҳад кард.