Ҷустуҷу
-
Jun 13, 2018
Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон аз қатъӣ шудани эъзоми 30 муаллими дигар аз Русия ба ин кишвар дар соли таҳсилии нав хабар дод.
-
Jun 13, 2018
Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар дастур додааст, бо ислоҳи “Қонуни лағви иҷозатномаи муассисаҳои молӣ” ва мутобиқ сохтани он бо Қонуни хадамоти шаҳрвандӣ, заминаи пардохти супурдаҳои шаҳрвандони ин кишварро фароҳам созад.
-
Jun 12, 2018
Бахши муборизаи радиоэлектроникаи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бо системаи мухобиротии ҷангии "Борисоглебск-2" муҷаҳҳаз шудааст.
-
Jun 12, 2018
Пулиси пойтахти Русия як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо наздик ба як кило ҳероин боздошт кард.
-
Jun 12, 2018
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кард, барои бозсозии роҳҳои ин кишвар ба ҷазби наздик ба се миллиард доллар сармоя ниёз аст. Ба гузориши “Азиа плюс”, Тоҷикистон барои 30 тарҳи бозсозии роҳҳои Тоҷикистон ба ин маблағ ниёз дорад.
-
Jun 12, 2018
Коршиноси руси хулосаи донишгоҳи австралияиеро, ки Тоҷикистонро кишвари хашин номидааст, ғайримунсифона ва нодуруст донист.
-
Jun 12, 2018
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ҳанӯз феҳрастеро, ки Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар бораи боздошту таъқиби 100 узви ин ҳизб дар як соли ахир мунташир карда, надидааст.
-
Jun 11, 2018
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар як изҳорот гуфт, дар як соли охир беш аз 100 узви собиқи ин ҳизби мухолиф аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дастгир шудаанд.
-
Jun 11, 2018
Намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳҳои оянда дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
-
Jun 11, 2018
Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон рӯзи якшанбе бар асари сактаи мағзӣ, даргузашт.
-
Jun 11, 2018
Бо вуҷуди доштани зарфиятҳои фаровони ҷазби гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон коршиносон роҳҳо, сабти ном ва набуди таблиғот дар бораи маконҳои муҳимми таърихӣ ва дидани ин кишварро, 3 монеи умдаи рушди гардишгарӣ дар ин ҷумҳурӣ унвон мекунанд.
-
Jun 11, 2018
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва устоди Мактаби олии иқтисади Русия мӯътақид аст, ки Тоҷикистон ба далели ҳамсоя будан бо Афғонистон барои Маскав ба унвони хатти муқаддами таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор мебошад.
-
Jun 11, 2018
Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори бёнияе дар бораи бархе овозаҳо бино бар давлатӣ шудани раванди ҷамъоварӣ ва тақсими садақаи фитр ва навъи кумакҳои молии мардум, тавзеҳ додааст.
-
Jun 10, 2018
Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чин дидор кард.
-
Jun 10, 2018
Вазорати маорифи Русия дархости Тоҷикистонро дар мавриди равон кардани китобҳои забони русӣ баррасӣ дорад.
-
Jun 10, 2018
Коршиноси Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (FAO) мӯътақид аст, имкони тавлиди анвои мева дар ҷануби Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол вуҷуд дорад, вале амалӣ шудани ин барнома дар шароити феълӣ ғайримумкин аст.
-
Jun 09, 2018
Мақомот ва шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, адабӣ ва сиёсии Тоҷикистон ҳамроҳ бо соири кишварҳои озодихоҳи ҷаҳон,ҷиноёти режими саҳюнистӣ, алайҳи миллати мазлуми Фаластинро маҳкум карданд.
-
Jun 09, 2018
Раисҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ба Чин сафар кард.