Ҷустуҷу
-
Jan 21, 2021
Бо ҳузури мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарордоди иҷрои марҳалаи дуввуми тарҳи сохти нақби “Истиқлол” байни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон имзо шуд.
-
Jan 20, 2021
Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби шуморишгарҳо (ҳисобкунак) - и ҳушманди барқро амалӣ мекунад.
-
Jan 20, 2021
Аккоси эронӣ муваффақ ба дарёфти нишони ҷашнвораи байналмилалии акси Тоҷикистон шуд.
-
Jan 20, 2021
Барномаи бозсозии Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барои омодасозии гурӯҳҳои наҷоту имдоди мавриди ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон оғоз шуд.
-
Jan 20, 2021
Ситоди кишварии мубориза бо вируси коронаи Тоҷикистон ба Шӯроии уламоии исломӣ дастур додааст, ки барои бозгушоии масоҷид аз рӯзи аввали феврал омодагӣ бигирад.
-
Jan 19, 2021
Раиси Кумитаи умури мудофиа ва амният дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи хидмати ҳарбии ин кишвар бозхаради хизмати сарбозӣ расмӣ шавад.
-
Jan 17, 2021
Ширкати байналмиллалии Global Firepower бо арзёбии тавони низомии нерӯҳои мусаллаҳи ҷаҳон дар соли 2020, Тоҷикистонро дар миёни 138 кишвари ҷаҳон дар радаи наваду нуҳум қарор дода аст.
-
Jan 16, 2021
Боздиди гардишгарони хориҷӣ аз Тоҷикистон дар як соли гузаштаи милодӣ дар муқоиса бо соли 2019 ҳудӯди 28 дарсад коҳиш нишон медиҳад.
-
Jan 16, 2021
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) дар пойтахти Тоҷикистон 16 ва 17 сентябри имсол баргузор мешавад.
-
Jan 15, 2021
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мақомоти масъули идораи сохтмонсозии вилояти Суғдро ба ироаи гузоришҳои бардурӯғ дар бораи сохти 450 маркази дармонӣ муттаҳам кард.
-
Jan 13, 2021
Ҳеч бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудаву вазъияти коронаӣ дар ин кишвар барои ҳаштумин рӯз ҳамчунон сафед аст.
-
Jan 11, 2021
Мудири Идораи хадамоти Порлумони Тоҷикистон ҳазинаи молӣ ва теъдоди кормандони дафтариву фаннии маҷлисҳои намояндагон ва миллии ин кишварро эълом кард.
-
Jan 11, 2021
Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълом кард: Маҷлисҳои милливу қонунгузории ин кишвар 26 январ барои шунидани паёми Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи муштаракеро баргузор мекунанд.
-
Jan 09, 2021
Мудири идораи вазъияти фавқулодаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки тазриқи ваксинаи корона дар ин кишвар бар асоси барномаи байналмиллалии мавсум ба КОВАКС бо ҳамоҳангии Созмони ҷаҳонии тандрустӣ ба эҳтимоли зиёд дар нимаи дувуми соли 2021 оғоз хоҳад шуд.
-
Jan 08, 2021
Ширкати барқи Брешнои Афғонистон бо мақомоти энергетикаи Тоҷикистон барои афзоиши содироти барқ вориди музокира шудааст.
-
Jan 07, 2021
Гузаргоҳи марзии Саразм миёни ноҳияи Панҷакент ва вилояти Самарқанди Ӯзбекистон пас аз 10 моҳ вақфа барои воридот ва содироти маҳсӯлот бозгушоӣ шуд.
-
Jan 06, 2021
Намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе аз 3 баробар шудани кумаки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар соли 2020 хабар дод.
-
Jan 06, 2021
Раиси созмони ҳавопаймоии (авиатсияи) кишварии Тоҷикистон гуфт, парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд аз моҳи марти соли 2021 дубора барқарор хоҳад шуд.