Ҷустуҷу
-
Aug 30, 2022
Раиси Ҷумҳурии Эрон ибтикороту иқдомоти Ироқ барои беҳбуди фазои ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа бидуни дахолати бегонагонро дар тақвияти ҳамгаройии минтақаӣ муассир тавсиф кард ва гуфт : Бозсозӣ ва тақвияти равобити Арабистон бо Эрон ба нафъи амнияти минтақа аст.
-
Aug 29, 2022
Идораи кулли ҳамкориҳои байналмиллалии Комиссиюни Аврупо қасд дорад барои ҳимоят аз бахши энержии Тоҷикистон ба ин кишвар 10 миллион евро ихтисос диҳад .
-
Aug 29, 2022
Тоҷикистон арзаи ангиштсанг ба Покистон аз тариқи Афғонистонро аз сар гирифт .
-
Aug 29, 2022
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузури Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаро амниятсоз донист.
-
Aug 29, 2022
Баргузории размоиши муштараки Ҷопону Амрико аз тақвияти равобити низомии дуҷониба ҳикоят дорад, ба хусӯс онки ин размоиш бо ҳадафи омӯзиши тирандозӣ бо силоҳҳои навин баргузор мешавад.
-
Aug 29, 2022
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ воридоти фаровардаҳо(маҳсулот)и нафтӣ ба Тоҷикистон 27 дарсад афзоиш доштааст.
-
Aug 29, 2022
Як манбаи низомӣ - дипломатӣ аз омӯзиши халабонони фирории афғон дар Амрико барои сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина хабар дод .
-
Aug 29, 2022
Раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт : Ҳадаф аз музокироти рафъи таҳримҳои зидди Эрон ин аст, ки таҳримҳо ба сурати пойдор бекор шавад .
-
Aug 29, 2022
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия дар паёме твиттерӣ таъкид кард, ки Русия муқассири буҳронҳои сегонаи Аврупо набудаву муқассир ҷилва додани Русия низ кумаке ба ҳалли мушкилот нахоҳад кард.
-
Aug 29, 2022
Туркманистон дар талош аст то манотиқи ҳифозатшудаи мунҳасир ба фарди Саҳрои Қарақумро ба ҷаҳон муаррифӣ намояд ва онро дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор диҳад.
-
Aug 29, 2022
Раиси Маркази ибтикороти мутолеотии «Маънӣ»-и Узбакистон гуфт, Амрико дар талош аст то дар Осиёи Марказӣ бимонад.
-
Aug 29, 2022
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз ҷамъбандии ҷаласоти коршиносии музокироти лағви таҳримҳо дар аввалин фурсат посухи Амрикоро медиҳад.
-
Aug 28, 2022
Амрико эълом кард, ки барои аввалин бор сафири « вижа ва сайёр » барои Қутби Шимол таъйин мекунад .
-
Aug 28, 2022
Нишасти «ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар заминаи амният ва мудирияти марзҳо барои муқобила бо терроризм» рӯзҳои 18 - 19 октябри соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
-
Aug 28, 2022
Дидори тимҳои футболи “Ҳаводор”-и Теҳрон ва “Санъати Нафти Ободон ва Ҳаводори Теҳрон аз мусобиқоти Лигаи бартари футболи Эрон дар ҳафтаи сеюм рақобатҳо, бо пирӯзи 1бар 0 Нафти Ободон хотима ёфт.
-
Aug 28, 2022
Толибон гаштзании ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (паҳпод)и- Амрико дар ҳарими ҳавоии Афғонистонро иқдоме таҷовузкорона хонд ва дар бораи паёмадҳои он ҳушдор дод.
-
Aug 28, 2022
Вазири кишвари Эрон бо баёни ин ки миллионҳо нафар аз саросари ҷаҳон дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) ширкат мекунанд, гуфт: Мушаххасан эминии зоирон масъалаи асосӣ ва муҳим барои мост.
-
Aug 28, 2022
Сафири Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ дар дидор бо муовини вазири сармоягузории ин кишвар чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ кард.
-
Aug 28, 2022
Се низомии ҳоландӣ, ки дар ҳоли гузарондани давраи омӯзишӣ дар Амрико ҳастанд, рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ дар тирандозӣ дар Индианополис захмӣ шуданд.
-
Sep 03, 2022
Армуғони мусиқӣ асари аз гурӯҳи фарҳанги радиои тоҷикии Садои Хуросон аст. Дар ин барномаҳо кӯшиш мекунем, ки беҳтарин ва зеботарин мусиқии тоҷикӣ ва эрониро ба шумо пешкаш кунем. Таҳия кунанда : Нор Норов Гӯянда: Шаҳло Шоиста