Ҷустуҷу
-
Jan 08, 2020
Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар нахустин соатҳои бомдоди имрӯз ( чоршанбе ) дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва терорристии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар терори сардор сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, пойгоҳи ҳавоии ишғолии артиши терорристӣ ва мутаҷовизи Амрико, мавсум ба Ъайнуласад, дар Ироқро бо даҳҳо мушак ҳадаф қарор дод.
-
Jan 08, 2020
Нахустин ҷашнвораи байналмилалии филми “Душанбе” моҳи апрели соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар баргузор мешавад.
-
Jan 08, 2020
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамалоти мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ду пойгоҳи Амрико дар Ироқро як силӣ хонданд ва таъкид карданд, дар мақоми муқобила, ин иқдомоти низомӣ ба ин шакл кифоят намекунад, балки бояд ҳузури фасодбарангез ва вайронгари Амрико дар минтақа тамом шавад.
-
Jan 08, 2020
Як манбаи мутталеи низомӣ, бомдоди чоршанбе дар мусоҳиба бо хабарнигорони Iran Press гуфт: Расади муколимоти майдонии нерӯҳои амрикоӣ ҳокӣ аз талафот ва хисороти зиёд дар ҳамла ба пойгоҳи Амрико аст.
-
Jan 08, 2020
Посухи мушакии Эорн ба террори сипаҳбуд Сулаймонӣ аз тарафи Амрико дар Ироқ, бозтоби густурдае дар расонаҳои Чин доштааст.
-
Jan 08, 2020
Сиёсатмадори тоҷик гуфт: Дар сурати таниши шадид байни Эрон ва Амрико, Вашингтон муттаҳидини зиёде ҳатто дар миёни кишварҳои узви НАТО нахоҳад дошт.
-
Jan 08, 2020
Донишманди матраҳи тоҷики муқими Маскав бо тамҷид аз шахсияти сардор Қосими Сулаймонӣ, террори ӯ тавассути амркоиҳоро маҳкум кард.
-
Jan 08, 2020
Алишод Дардошно, шоир ва пизишки маъруфи тоҷик шеъре бо унвони "Амрико, эй давлати бедодгар!" дар посух ба таҳдиди Амрико алайҳи Эрон сурудааст.
-
Jan 08, 2020
Як фарванд ҳавопаймои муофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, наздики фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р)-и Теҳрон суқут кард.
-
Jan 08, 2020
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар Ироқ, ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ , посухи қотеъ дод.
-
Jan 08, 2020
Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон аз афзоиши қимати маскан дар ин кишвар, ҳамзамон бо рушди хонасозӣ хабар дод.
-
Jan 07, 2020
Иқдомоти Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, бавижа афзоиши қобили мулоҳизаи ҳузури низомӣ, ташдиди фишорҳо ба Эрон ва билохира анҷом додани иқдомоти террористӣ вокуниши шадиди Русияро барангехтааст.
-
Jan 07, 2020
Шахсияти сиёсии тоҷик муътақид аст, ки дар сурати бурузи ҷанг миёни Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин набард мӯҷиби нобудии Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.
-
Jan 07, 2020
Яке аз мақомоти Вазорати дифои Амрико иддао кард, ки Эрон тай 24 то 36 соати оянда иқдоми талофиҷӯёнаи худ дар қиболи террори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймониро амалӣ хоҳад кард.
-
Jan 07, 2020
Пайкари поки шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноиби раиси Басиҷи мардумии Ироқ бо ҳузури садҳо ҳазор нафар аз мардуми Басра, ҷануби Ироқ ташйиъ шуд.
-
Jan 07, 2020
Вазири умури хориҷии собиқи Британия эълом кард, афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна шикофи амиқеро дар миёни муттаҳидони НАТО эҷод кардааст.
-
Jan 07, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки поёни ҳузури шаруронаи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё оғоз шудааст гуфт, пайёмадҳои террори мақоми баландпояи низомии Эрон, дер ё зӯд гиребони Амрикоро аз шарқ то ғарби олам хоҳад гирифт.
-
Jan 07, 2020
Сафорати Амрико дар Риёз ҳушдори амалиёти мушакӣ ва паҳподӣ дод.
-
Jan 07, 2020
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид ЮНЕСКО дар вокуниш ба таҳдиди Трамп мабнӣ бар ҳамла ба маконҳои таърихӣ ва фарҳангии Эрон таъкид кард, ин кишвар мулзам ба ҳаросат аз мироси фарҳангии башарӣ аст.
-
Jan 06, 2020
Ба гузориши Садои Хуросон, генерал-майор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефони Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, бо баёни инки мардуми Эрон бо ҳузури миллионии худ дар ташйиъи пайкари шаҳид Сулаймонӣ, иқдомоти қотеъ алайҳи Амрико дар қиболи ин ҷиноятро хостор шудаанд афзуд, Эрон замон, макон ва чигунагии посух ба ҷинояти Амрикоро таъйин хоҳад кард.