Ҷустуҷу
-
Jun 18, 2019
Иттиҳоди Аврупо ва сегонаи аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Британия) ҳамвора аз тавофуқи ҳастаии БарҶОМ ҳимоят ва бар иҷрои он таъкид кардаанд. Бо ин ҳол пас аз хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ дар майи соли 2018 ва таъхири мукаррари аврупоиҳо аз иҷрои ваъдаҳои худ барои ҳифзи ин тавофуқ, ки вокуниши мутақобили Эронро мӯҷиб шуда, акнун Аврупо бо чолиши бузурге барои ҳифзи БарҶОМ мувоҷеҳ шудааст.
-
Jun 18, 2019
Бузургтарини шаҳраки доруии ғарби Осиё имрӯз дар устони Албурзи Эрон (ғарби Теҳрон) ифтитоҳ ва аз 9 доруи ҷадид дар ин шаҳрак рӯнамоӣ шуд.
-
Jun 18, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон даргузашти Муҳаммад Мурси раиси ҷумҳури пешини Мисрро таслият гуфт.
-
Jun 17, 2019
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, тавлиди урани Эрон то 10 рӯзи оянда (27 –уми июн) аз марзи 300 килограмм убур хоҳад кард.
-
Jun 17, 2019
Раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме пирӯзиҳои тими миллии волиболи Эрон ро дар лиги ҷаҳонии 2019 табрик гуфт.
-
Jun 17, 2019
Понздаҳумин иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия ва дуввумин ҳамоиши тиҷории Эрон ва минтақаи Қафқози шимолӣ рӯзи якшанбе бо ҳузури мақомот ва фаолони бахши хусусӣ ва давлатии ду кишвар дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон оғоз ба кор кард.
-
Jun 16, 2019
Сафири Русия дар Теҳрон гуфт, Сафорати Русия дар Теҳрон бо ҳадафи осонсозии мубодилоти тиҷорӣ байни фаъолони иқтисодии ду кишвар, омодаи ироаи виза ба тоҷирони эронӣ аст.
-
Jun 16, 2019
Намояндаи Конгресси Амрико аз иёлати Ҳаваи (Гаваи) бо интиқод аз сиёсати хориҷии давлати Вашингтон гуфт: “Бояд аз иттиҳомзании беасос ба Эрон дар ҳамлаи ахир ба ду нафткаш дар дарёи Уммон парҳез кард”.
-
Jun 16, 2019
Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ рӯйкарди Амрико дар баробари Эронро фиребкорона хонд.
-
Jun 16, 2019
Вазири неруи Эрон гуфт, Қафқози шимолӣ бо бархурдорӣ аз ҳамаи манобеи лозим зарфияти билқувва ва нақши муҳимме барои тавсеаи равобити тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Русия дорад.
-
Jun 16, 2019
Понздаҳумин иҷлоси Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия ва дуввумин ҳамоиши тиҷории Эрон ва минтақаи Қафқози шимолӣ ба муддати се рӯз бо ҳузури мақомот ва фаолони бахши хусусӣ ва давлатии ду кишвар дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон дар маркази Эрон оғоз ба кор кард.
-
Jun 16, 2019
Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба нақши Эрон дар муқобила бо терроризми такфирӣ дар Сурия ва Ироқ таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ монеъи нуфуз ва густариши терроризм ба дигар нуқоти ҷаҳон шудааст.
-
Jun 15, 2019
Як таҳлилгари баландпояи ҷаҳони араб тасреҳ кард, эрониён мардоне воқеӣ ҳастанд ва давлати Трамп ба хотири муқовимати эрониёҳо ба гадоии музокира афтодааст.
-
Jun 14, 2019
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, музокира бо Амрико ҳеҷ суде надорад ва миллати Эрон зери бори фишорҳои иқтисодӣ ҳаргиз музокира нахоҳад кард.
-
Jun 14, 2019
Намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бомдоди ҷумъа дар баёнияе иддаои беасоси Амрикоро дар иртибот бо ҳодисаи нафткшҳо дар баҳри Умон рад кард.
-
Jun 13, 2019
Раисиҷумҳури Эрон ҳифзи амният дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳонро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр бо аҳаммият хонд.
-
Jun 13, 2019
Шинза Абэ, нахуствазири Ҷопон дар сафарн аз пеш таъйин шуда, рӯзи чоршанбе (12 июн) вориди Теҳрон шуд ва бо мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф гуфтугӯ кард.
-
Jun 13, 2019
Узви ҳайъати раисаи Маҷлиси Шурои исломии Эрон аз баррасии шикояти Эрон аз Амрико бо мавзӯи тавқифи амвол ва дороиҳо ва вазъи маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ алайҳи Бонки марказии Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод.
-
Jun 12, 2019
Нахуствазири Ҷопон бо вуруд ба фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон, сафари дурӯзаи худро ба Эрон оғоз кард.
-
Jun 12, 2019
Вазорати хориҷаи Ҳинд эълом кард, нахуствазири ин кишвар дар сафар ба Бишкеки Қирғизистон бидуни убур аз осмони Покистон, аз масири ҷойгузини Уммон ва Эрон гузар хоҳад кард.