Ҷустуҷу
-
Май 08, 2017
Ботур Дустум- фарзанди генерал Абдуррашид Дустум ҷонишини падар ва сарпарасти Ҳизби ҷумбиши миллии исломии Афғонистон шуд.
-
Май 07, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Афғонистон, бо раисиҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Май 06, 2017
Пас аз оташбории нерӯҳои марзбонии Афғонистону Покистон ба сӯи ҳам дар Спин Болдак, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бо эҳзори кордори Афғонистон дар Исломобод, маротиби эътирози шадиди худро ба вай иблоғ кард.
-
Май 06, 2017
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири хориҷаи Эрон, фардо (якшанбе) ба даъвати расмии вазири хориҷаи Афғонистон, дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ба Кобул меравад.
-
Май 01, 2017
Афиф Бохтарӣ, аз шоирони номошно ва аз чеҳраҳои таъсиргузор дар шеъри Афғонистон даргузашт.
-
Apr 24, 2017
Ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар наздикии Мазори Шариф хашми мардум, мақомот ва намояндагони Маҷлиси миллии ин кишварро барангехтааст.
-
Apr 23, 2017
Шуморе аз ронандаҳои мошинҳои боркаши Афғонистон, ба иллати адами дарёфти виза аз давлати Тоҷикистон, мақомоти ин кишварро ба масдуд кардани масири Қундуз ба Тоҷикистон таҳдид карданд.
-
Apr 22, 2017
Мавзуи хатти Дюранд, хатти фарзии марзии Покистон ва Афғонистон аз масолие аст, ки солҳо мӯҷиби ихтилофи ду кишвар аст. Бархе коршиносони сиёсӣ муътақиданд, ин мавзӯъ бояд бо мушорикати созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамеша поён ёбад.
-
Apr 19, 2017
Барои нахустин бор дар торихи равобити ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон, мусобиқаи дӯстона дар риштаи варзиши валейбол миёни дастаҳои манотиқи ҳаммарзи ду кишвар баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими ноҳияи Шуғнони Афғонистон ба поён расид.
-
Apr 18, 2017
Сарпарасти дафтари сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон нокоромадии намояндаи вижаи раисҷумҳур дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хубро иллати барканории ӯ аз симматаш эълом кард.
-
Apr 15, 2017
Муовини Осиё ва уқёнусияи вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав (пойтахти Русия) бо таъкид бар ин ки вазъияти амниятии Афғонистон матлуб нест, ирсоли паёми қотеъ ба террористҳо дар хусуси мусаммам будани кишварҳои минтақа барои мубориза бо терроризмро зарурӣ хонд.
-
Apr 03, 2017
Раиси Маҷлиси Сенои Афғонистон ба Русия дар бораи дахолат, дар умури дохилии кишвараш ҳушдор дод.
-
Apr 01, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Коршиносони масоили Осиёи Марказӣ дар нишасте дар Душанбе бо ибрози нигаронӣ аз идомаи нооромиҳо дар Афғонистон, авзои ин кишварро таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти миллии ҷумҳуриҳои ин минтақа донистаанд.
-
Mar 30, 2017
Давлати Афғонистон қасд дорад, барои саркуби мухолифони мусаллаҳ дар ин кишвар, шумори нерӯҳои вижаи артиши худро ду баробар кунад.
-
Mar 27, 2017
Моҳвораи миллии Туркманистон пахши барномаҳои 3 шабакаи телевизионии Афғонистонро бо кайфияти “HD” оғоз кард.
-
Mar 26, 2017
Соле, ки бар мардуми Афғонистон гузашт аз сӯи ниҳодҳои байналмилалӣ ноамнтарин сол, унвон шудааст.
-
Mar 19, 2017
Сафари Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Русия баёнгари тавсеаи ҳамкортҳои дуҷониба аст.
-
Mar 17, 2017
Раиси Ситоди артиши Афғонистон ба Покистон ҳушдор дод, ки агар ҳамалоти ин кишвар ба манотиқи марзӣ идома ёбад ва талошҳои дипломатӣ натиҷа надиҳад, эҳтимоли даргирии низомӣ миёни ду кишвар имконпазир аст.
-
Mar 15, 2017
Дар пайи ташдиди ҳамалоти хунин дар манотиқи мухталифи Афғонистон, мардуми Кобул-пойтахти ин кишвар бо баргузории тазоҳуроти густурда, ба нотавонии давлати Ваҳдати миллӣ дар таъмини амният, эътироз карданд.
-
Mar 13, 2017
Фармондори шаҳристони Кӯшки кӯҳна дар Ҳироти Афғонистон эълом кард, Толибон аз пистазори ин вилоят солона 15 миллион доллар даромад касб мекунанд.