Ҷустуҷу
-
Nov 11, 2017
Вазорати умури хориҷаи Яман, иддаоҳои Амрико бино бар дахолати Эрон дар ҳамлаи мушакии Яман ба Риёзро музҳик донист.
-
Nov 11, 2017
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай гуфт, бидуни тардид Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оянда наздик узви Созмони ҳамкории Шангхай хоҳад шуд.
-
Nov 11, 2017
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, маросими “Арбаини ҳусайнӣ” (а)-и имсол бо амнияти хубе баргузор шуд ва то кунун ҳеҷ иттифоқи амниятӣ рух надодааст.
-
Nov 11, 2017
Ройзани фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия ва муфтии аъзам ва раиси идораи динии Маркази мусалмонони Русия бар эҳёи исломи суннатӣ дар муқобила бо ифротгароӣ таъкид карданд.
-
Nov 10, 2017
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон имрӯз, ҷумъа, бо ҳам дидор ва дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба, бавижа ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ гуфтугӯ карданд.
-
Nov 10, 2017
Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ҳамвора дар барқарории равобити дӯстона, бародарона ва мутавозини мубтанӣ бар усули эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом будааст.
-
Nov 09, 2017
Сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ба Душанбе ва дидорҳои вай бо мақомоти олии Тоҷикистон ба вижа Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон дод, ки ду кишвари ҳамзабон бо фарҳанги ғании муштарак метавонанд ҳаргуна мушкилотро аз тариқи гуфтугӯҳои самимона ҳал кунанд.
-
Nov 09, 2017
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ”, вориди шаҳри Самарқанд дар Узбакистон шуд.
-
Nov 08, 2017
Сохтмони ҷадиди сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон асри имрӯз бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар расман гушоиш ёфт.
-
Nov 08, 2017
8 ноябри соли 2017 президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дидор намуд.
-
Nov 08, 2017
Доктор Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки сооте қабл ба ҳамроҳи ҳайате баландпоя вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуда буд, мавриди истиқболи Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷа ва дигар мақомоти расмии Тоҷикистон қарор гирифт.
-
Nov 08, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон соате қабл вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.
-
Nov 07, 2017
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи октябри гузашта ҳудуди 37 дарсад аз нафти содиротии худро ба ширкатҳои аврупоӣ фурӯхт.
-
Nov 07, 2017
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон фардо, чаҳоршанбе, ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Nov 07, 2017
Намояндаи Эрон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) эълом кард, бо ҳукми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ шароити таҳсили садҳо ҳазор фарзанди паноҳандагони афғонистонӣ дар Эрон фароҳам шудааст.
-
Nov 07, 2017
Фаъолияти нахустин дафтари тиҷории Эрон дар устони Астрахан дар ҷануби Русия оғоз шуд.
-
Nov 06, 2017
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар идомаи сиёсатҳои зиддиэрониаш, дар иддаое беасос масъулияти шиллики мушак аз Яман ба Риёзро мутаваҷҷеҳи Эрон донист.
-
Nov 06, 2017
Фармондеҳи падофанди ҳавоӣ - тактикии қароргоҳи падофанди ҳавоии “Хотамуланбиё” - и Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз расади вижаи парвозҳои убурӣ аз осмони Эрон дар айёми “Арбаини Ҳусайнӣ” хабар дод.
-
Nov 06, 2017
Нахуствазири режими саҳюнистӣ аз шикасти террористҳои ДИИШ дар Сурия ва қудрати Эрон дар минтақа ибрози нигаронӣ кард.