Июл 30, 2021 21:28 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран тайи суҳбате дар бораи духтарчаи синфи як аз ноҳияи Айнӣ нақл кард, ки ин кӯдак дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" ширкат намудааст ва то давраи ноҳиявӣ роҳ ёфтаву аммо ӯро ба даври вилоятӣ роҳ надодаанд.

Хабаргузории "Спутник" гузориш дод: Эмомалӣ Раҳмон барои ҷуръату ғайрати ин духтарча барои муроҷиат ба раиси ҷумҳурӣ таҳсин хонд ва ӯ ваъдаи кӯмак кард ва ҳамзамон тавсия дод, ки саъю талоши худро бештар кунад.

 

Барчасп