Июл 31, 2021 11:15 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши табодулоти тиҷорӣ аз гузаргоҳи марзии Шерхон-Бандар

Табодулоти тиҷории Тоҷикистону Афғонистонибаъд аз тасаллути комили Толибон дар навоҳии марзӣ коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, вазъи ногувори амниятии Афғонистон сабаби коҳиши шадиди муровидоти тиҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи Каримзода, "агар пеш дар як рӯз 35-40 мошин ворид мешуд, ҳоло 3-4 мошин ворид мешавад. Инҳо ҳамон мошинҳое ҳастанд, ки қабл аз афзоиши ноамниҳо дар роҳ буданд. Ҳоло қариб, ки гардиши мол нест".

Каримзода гуфт, роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар ва Панҷи Поён аст.

Толибон Шерхон Бандар бузургтарин гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро 22 июни соли ҷорӣ тасарруф кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп