Август 02, 2021 10:59 Asia/Dushanbe
  • Занги хатари ҳузури ДИИШ дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Афзоиши фаъолият ва ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистони боиси бурузи нигаронии мақомоти Афғонистон ва Русия шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти баландпоя ва амниятии рус токунун чандин бор дар хусуси афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ, ба хусус ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карданд.

Генерал Абдулвоҳид Тоқат, таҳлилгари масоили низомӣ бо ишора ба вахомати авзои амниятӣ ва ҳамчунин зуҳур ва ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон гуфт: Асноду шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки дар Тахор, Сарипул ва ба хусус дар Фориёб нерӯҳои ДИИШ-ии зиёде мустақар шуданд ва дар ин вилоятҳо фаъолият мекунанд.

Вай таъкид кард: Амрико аз ДИИШ дар шимоли Афғонистон ҳимоят мекунад.

Ин таҳлилгари низомӣ афзуд: Амрико агар натавонад ДИИШ-ро вориди Тоҷикистон кунад, дар ростои аҳдофи роҳбурдии худ талош мекунад, ин гурӯҳро дар Узбакистону Туркманистон мунтақил, то аз ин тариқ, ДИИШ-ро ба Қирғизистон ва дар ниҳоят марзҳои Русия наздик кунад.

Тоқат изҳор кард, Русия бо дарки инки Амрико барои дастрасӣ ба манобеи саршори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва атрофи баҳри миёназамин як роҳбурди баландмуддат дорад, бо Тоҷикистон қарордоди 50 солаи низомӣ - амниятӣ имзо кард, то нерӯҳои Русия дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мустақар ва нагузоранд, ДИИШ-иҳо ва соири гурӯҳҳои террористӣ аз марзи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шаванд.

Бештар бихонед:

Вазорати дифои Афғонистон: Ҳамлаи ДИИШ ба Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо Афғонистон надорад

Афзоиши таҳдиди ДИИШ дар Афғонистон

Ҳушдори Созмони милал дар бораи ҳамалоти ДИИШ ба пойтахти Афғонистон