Июл 22, 2023 14:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Комиссиюни сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон бар ҳамфикрии байналмиллалӣ барои муқобила бо ҳатки ҳурмат ба Қуръони карим

Раиси Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бар ҳамфикрии ниҳодҳои байналмиллалӣ барои муқобила бо ҳатки ҳурмат(беэҳтиромӣ) ба соҳати муқаддаси Қуръони карим таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонаҳиди Ҷалолзода дар бораи тавҳини дубора ба Қуръони карим дар Шветсия афзуд : Дар рӯзҳое, ки мусулмонони Эрону ҷаҳон дар ҳоли азодорӣ барои мазлӯми олам, ҳазрати Абоабдуллоҳил-Ҳусайн ( а ) ҳастандуттаассифона барои дуюмин бор дар кишвари Шветсия ба Қуръони карим ҳатки ҳурмат шуд ва ҳамаи озодихоҳони оламро дучори озурдагӣ кард.
Раиси Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон афзуд : Ҳаракати шайтонии ҳатки ҳурмат ба Қуръон нишон аз зоти бемори либерал-демокросии Ғарб дорад, ки мафҳӯми озодӣ дар ин низоми фикрӣ ба асорат гирифта шуда ва озодӣ дар низомшинохтии Ғарб мазлӯм воқеъ шудааст .
Ҷалолзода хатарноктар аз мавозиъи шахсе, ки Қуръонро сӯзонд, сукути давлат, полиси кишвари Шветсия ва ғарбиҳо дар бораи ин ҳаракат унвон кард ва гуфт : Иҳонат ба арзишҳои мусулмонони ҷаҳон, иҳонат ба инсоният, ба озодӣ ва иҳонат ба адёну миллатҳо аст .
 

 

Барчасп