Август 16, 2023 13:25 Asia/Dushanbe
  • Раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фанноварии ҷаҳони Ислом хабар дод: Роҳёбии 10 донишгоҳи Эрон ба рутбабандии Шанхай

Раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илму фанноварии ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, натоиҷи рутбабандии байналмилалии Шанхай дар соли 2023 мунташир шуд, ки 10 донишгоҳи Эрон низ муваффақ шуданд ба ин низоми рутбабандӣ роҳ ёбанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаҳмад Фозилзода гуфт, дар рутбабандии мунташир шудаи 2023 Шанхай, якҳазор донишгоҳи бартари ҷаҳон рутбабандӣ шудаанд, ки дар он донишгоҳҳои Ҳарвард ва Стэнфорд ва муассисаи MIT ба тартиб рутбаҳои аввал то сеюмро аз они худ кардаанд.

Фозилзода афзуд, дар рутбабандии соли 2023 Донишгоҳи Теҳрон тавонист бо касби рутба дар бозаи 500 - 401 дар ҷамъи 500 донишгоҳи бартари дунё қарор гирад ва рутбаи аввали донишгоҳҳои Эронро аз они худ кунад.

Вай дар идома гуфт, Донишгоҳи улӯми пизишкии Теҳрон низ дар бозаи рутбаӣ 600 – 501 ва Донишгоҳи Санъатии Амиркабир дар бозаи рутбаҳои 700 - 601 ба тартиб рутбаи дувум ва сеюми Эронро касб кардаанд.

Фозилзода унвон кард, ба тартиб донишгоҳҳои Амиркабир, Шаҳид Биҳиштӣ, Санъатии Шариф, Тарбияти мударрис, Фирдавсӣ, Илм ва санъат ва улӯми пизишкии Шероз аз дигар донишгоҳҳои роҳёфта ба ин рутбабандӣ ҳастанд.

Раиси Муассисаи истинодии улӯми ҷаҳони Ислом ёдовар шуд, рутбабандии Шанхай барои аввалин бор дар соли 2003 , дар сатҳи байналмилалӣ мунташир шуд ва аз он соли ба баъд ба таври солона ба рӯз мешавад.

Дар рутбабандии Шанхай, донишгоҳҳое мавриди арзёбӣ ва рутбабандӣ қарори мегиранд, ки дорои барандагони Ҷоизаи Нобел, барандагони медоли Филдз, муҳаққиқони пуристинод ва ё мақолоти мунташир шуда дар нашриёти “Nature” ва “Science” бошанд.

 

Барчасп